сулфа

Канзи шифо: Роҳи наҷот аз сулфа

Ангезандаҳои асосии бемориҳои шамолкашии мавсимӣ вирусҳо буда, сабабгори маҳкам шудани роҳҳои нафас ва пайдо шудани сулфа мегарданд. Аз ин рӯ, зукоми мавсимӣ сабаби маъмултарини сулфаи шадид буда, беш аз се ҳафта давом намекунад.

Сулфа аксуламал ё нишонаи мубориза бурдани ҷисми солим бо беморӣ аст. Аз ин рӯ, табобати сулфа кори ҳатмист. Фаромӯш набояд кард, ки дар баъзе ҳолатҳо сулфа нишонаи бемориҳои ҷиддӣ ба шумор меравад. Дар сурати фориғболӣ намудан сулфаи сироятӣ метавонад боиси бемор шудани тамоми роҳҳои нафас гардад.

Сулфаи шадид (хусусан шабона) баъзан боиси бад шудани ҳолати инсон мегардад. Ниҳоят, сулфаи шадид метавонад ба мушкилоти гуногун, аз ҷумла заифӣ, гум шудани иштиҳо, қайкунӣ, дарди сар, дарди шикам, пешобро дошта натавонистан ва шикастани қабурғаҳо, кафидани мушакҳо, беҳушшавӣ, халалдор гаштани кори дил оварда расонад.

Барои пешгирӣ намудани сулфа ҷисми худро обутоб дода, аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, бо намакоб даҳонро чайқонидан лозим аст. Ҳамзамон пӯшидани ниқоб ва шустани дастонро фаромӯш накунед. Аз рӯи нишондоди табиб дорувориҳои зиддивирусиро истеъмол намуда, ҷараёни табобатро тезонидан мумкин аст.

Бо мақсади пешгирӣ аз сулфа ҳамарӯза ҳавои утоқҳои худро тоза карда, бо латтаи тар ҷиҳози хонаро пок ва рӯбучин намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *