Канзи шифо. «Рыбий жир» саратонро пешгирӣ мекунад?
Мегӯянд, ки равғани моҳӣ, ки бештар бо номи русии «Рыбий жир» машҳур аст, барои саломатии инсон бисёр фоидабахш аст. Яке мегӯяд, ки равғани моҳӣ чашмро равшан мекунад, дуюмӣ онро оромбахши асаб мехонад, саввумӣ бошад, воҳима мекунад, ки «Рыбий жир» ҳатто ба касалии саратон даво аст. Ростӣ, ман чандон ба ин ҳарфҳо бовар надорам ва мехоҳам донам, ки ин гуфтаҳо то куҷо асос доранд. Дар асл равғани моҳӣ ба саломатии инсон ягон фоида дорад?
ПАРВИНА, шаҳри Турсунзода
Хоҳари азиз, Парвинабону!
Дар ҳақиқат равғани моҳӣ, яъне «Рыбий жир» бениҳоят муфид мебошад, аз ҳамин хотир, истеҳсоли он ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. «Рыбий жир» аз равғани моҳӣ, махсусан “треска”истеҳсол карда шуда, аз “Омега-3” ва кислотаҳои равғании ЭПК ва ДГК бой аст. Ин навъи кислотаҳоро организми инсон мустақилона истеҳсол карда наметавонад, вале «Рыбий жир” метавонад талаботи ҷисми инсонро ба ин кислотаҳо қонеъ гардонад ва ба фаъолияти бонизоми тамоми узвҳои мо мусоидат намояд. Бартарии дигари «Рыбий жир” дар он аст, ки дар таркибаш ба миқдори зиёд йод, фосфор, витаминҳои Е, Д ва А дорад.
Равғани моҳӣ ба чӣ қодир аст?
Тавре ки гуфтем, равғани моҳӣ саршор аз кислотаҳои фоидабахш, витаминҳои гуногун ва дигар моддаҳои муфид буда, ба саломатии инсон фоидабахш аст. Тадқиқотҳои зиёди олимон исбот намудааст, ки «Рыбий жир» ба об шудани равған дар организми инсон мусоидат менамояд, ҳамчунин равғани моҳӣ ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он даво гашта метавонад. Собит шудааст, ки “Омега-3”-и дар таркиби “Рыбий жир” мавҷуд буда, дар рушди тамоми ҳуҷайраҳои бадан ва майнаи инсон нақши хеле муҳим дорад.
10 фоидаи “Рыбий жир” ба организми инсон
Истифодаи “Рыбий жир” асабро ором намуда, ташвишу изтиробро кам мекунад ва касро аз депрессия ва ҳолати яъсу ноумедӣ мебарорад.
Аксаран ба одамоне, ки аз бемории фишорбаландии шараёнӣ азият мекашанд, равғани моҳӣ тавсия дода мешавад, чунки “Рыбий жир” ба паст шудани фишор мусоидат менамояд.
Равғани моҳӣ таъсири бади ҳаяҷони руҳиро кам карда, бемориҳои бар асари стресс ба вуҷуд меомадаро пешгирӣ менамояд.
Ба шахсоне, ки пӯсти хушк доранд, истифодаи “Рыбий жир” тавсия дода мешавад, зеро равғани моҳӣ намнокии пӯстро барқарор намуда, чеҳраи инсонро пуртароват мегардонад ва ба кас ҷавонию зебоӣ мебахшад.
“Рыбий жир” ба сафедшавии пӯст даво буда, “Псориаз”-ро шифо мебахшад.
Истифодаи пайвастаи “Рыбий жир” хатари бемориҳои музмин, артрит ва касалиҳои дилро пешгирӣ менамояд.
“Рыбий жир” касалии саратонро пешгирӣ мекунад.
Истифодаи равғани моҳӣ махсусан дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон муфид мебошад, чунки он бемориҳои илтиҳобиро пешгирӣ менамояд.
Равғани моҳӣ кори генҳоеро, ки барои об шудани равғани бадан масъул мебошанд, тезонида, ба харобшавӣ мусоидат мекунад.
“Рыбий жир” ба синтези сафедаҳо дар ҳуҷайраҳо ва мушакҳои бадани инсон мусоидат менамояд.
Равғани моҳӣ одамро хароб мекунад?
Дар баробари пешгирии бемориҳои хеле ҷиддӣ равғани моҳӣ ҳамчунин ба об шудани равғанҳои зиёдатӣ дар ҷисми инсон мусоидат менамояд. Мардоне, ки организмашон 15% равған дорад ва занҳое, ки миқдори равған дар ҷисмашон аллакай ба 25% расидаасту аз фарбеҳӣ азият мекашанд, агар ҳамарӯза “Рыбий жир” истеъмол намоянд, дар муддати кӯтоҳ равғани баданашон об шуда, вазни зиёдатии худро мепартоянд ва химчамиёну чусту чолок мешаванд.
“Рыбий жир” бо касалии қанд мубориза мебарад?
Олимони амрикоӣ тадқиқотҳои зиёде гузаронида, исбот намудаанд, ки равғани моҳӣ “Рыбий жир” теъдоди триглисеридҳоро кам карда, ҳосилшавии инсулинро ба низом медарорад ва қадро дар организми инсон паст мекунад. Истифодаи равғани моҳӣ дар ғизои рӯзмарра баланд шудани сатҳи қандро дар хуни инсон пешгирӣ намуда, хатари гирифторшавӣ ба диабети қандро паст месозад.
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст
Гуфтаҳои боло маънои онро надоранд, ки “Рыбий жир”-ро бебаркаш истеъмол намоед. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: “Андоза нигаҳ дор, ки андза накӯст!”. Барои фаъолияти бонизоми организми инсон рӯзе 2-3 маротиба қабул кардани ҳамагӣ 0, 5 то 2 грам “Рыбий жир”ҳамроҳи ғизо кифоя аст.
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда