Канзи шифо: Сӯзандоруи ботокс чӣ зарар дорад?

Сӯзандоруи ботоксро занҳо барои рафъ намудани чину ожангҳои рӯй истифода мебаранд. Ин сӯзандору чинҳои пӯстро дар мавзеи чашм, бинӣ ва лаб ҳамвор месозад.

Истифодаи маҳлули ботулотоксин ҳамчун давои косметикӣ барои ҳамвор сохтани чинҳои рӯй аз оғози солҳои 2000-ум иҷозат дода шудааст. То ин муддат онро табибону косметологон пинҳонӣ истифода мебурданд.

Барои рафъи ожанг

Олимон чинҳои рӯйро ба синнусолӣ ва мимикӣ ҷудо мекунанд.

Чинҳои синнусолӣ бо рафтани синну сол пайдо мешаванд, ки ин ҷараёни муқаррарӣ аст.

Чинҳои мимикӣ бо сабаби халалёбии кори мушакҳои рӯй ба амал меояд. Пӯсти рӯй бо мурури замон таровати худро гум карда, дар пешонӣ, атрофи лаб ва чашм чину ожангҳо пайдо мешавад. Хусусан агар шумо табиатан шахси ҳассос бошеду эҳсосоти худро бо ҷунбонидани лабу рӯй иброз мекарда бошед, аз чинҳои мимикӣ халосӣ намеёбед.

Ботоксро ҳамчун сӯзандору ба пӯст ворид месозанд. Баъди ворид кардани он мушакҳо суст шуда, пӯсти рӯй зебо мегардад. Он хусусан барои ҳамвор сохтани чинҳои атрофи лаб, байни абрӯвон ва чашм кумак мекунад. Таъсири он ним сол боқӣ мемонад. Агар сӯзандору дуруст ворид карда шавад, баъди се рӯз таъсирашро эҳсос кардан мумкин аст.

Ботокс ба рӯй чӣ зарар дорад?

Ботокс ба шакли рӯй ягон таъсир намерасонад, он пӯстро ҷавону ботароват месозад. Он дар ҳолате натиҷаи манфӣ меорад, ки сифати хуб надошта бошад ё косметолог онро дуруст ворид карда натавонад.

Баъди ботокс кадом корҳо манъ аст:

  • муддати ҳафт рӯз ба ҳаммоми гарм рафтан;
  • истеъмоли машрубот ва антидепрессантҳо;
  • аз бо ишора ҷунбонидани лабу рӯй худдорӣ намудан;
  • муддати чор соат хоб рафтан;
  • машқ кардан;
  • як шабонарӯз истифодаи косметика.

Оқибати ботокс

Агар сӯзандору нодуруст ворид гардад, таъсироти манфӣ дарозмуддат ва кутоҳмуддат мешавад:

фалаҷи мушакҳои рӯй;

  • хориш;
  • халта задани пӯсти атрофи чашм;
  • вараму сурхшавӣ;
  • варами чашм;
  • сурхӣ;
  • баландшавии таб;
  • дарди меъда;
  • гумшавии иштиҳо ва камқувватӣ;
  • камшавии нури чашм;
  • гематомаҳо.

Таъсири манфии сӯзандору бояд то 4 рӯз боқӣ монад. Дарозмуддаташ танҳо дар сурати аз организм берун шудани ботокс рафъ мегардад. Агар сӯзандору аз меъёр зиёд ворид карда шавад, пӯсти рӯй ба ниқоби чинӣ (фарфор) монанд мегардад. Сӯзандоруи ботокс ба шарте зараровар мегардад, ки онро чанд маротиба ба пӯст ворид намоянд.

Истифода бурдани сӯзандоруи ботокс дар кадом ҳолат манъ аст:

  • хурӯҷи ҳама гуна беморӣ;
  • бемории саратон;

бемориҳои хун;

  • зуком, грипп, дигар намуди бемориҳои роҳи нафас;
  • камқувватӣ ва хастагӣ;
  • ҳомиладорӣ ва синамаконӣ.

Табибон мегӯянд, ки истеҳсолкунандагон таъсироти зарарноки сӯзандоруи ботоксро пинҳон мекунанд. Косметологон иброз менамоянд, ки аз таъсири манфии сӯзандоруи мазкур огаҳӣ доранд, вале он на дар ҳама рух медиҳад. Муҳим он аст, ки мутахассис сӯзандоруро дуруст ворид намуда, аз хусусиятҳои он огаҳӣ дошта бошад.

Дар баъзе ҳолатҳо баъд аз гузаронидани сӯзандору варами пӯст, дарди сар, сурхӣ пайдо шуда, баъди чанд рӯз бартараф мегардад. Дар чунин ҳолатҳо назди табиб рафтан шарт нест.

Дар баъзе ҳолатҳо варам кардани пӯсти атрофи чашм, фалаҷ ва каҷшавии лабу рӯй рух медиҳад, ки ин аз сифати ботокс ва касбияти мутахассис вобастагӣ дорад.

Баъди гузаронидани сӯзандору чӣ бояд кард?

Агар нафаре, ки сӯзандоруи ботоксро истифода мебарад, тавсияҳои мутахассисро риоя накунад, аз таъсири манфии он эмин намемонад.

  1. Қабл аз гузаронидани сӯзандору ба мутахассис дар бобати вазъи саломатӣ ва дорувориҳои истеъмолкардаи худ хабар додан лозим аст.
  2. Сари худро ба поён хам кардан манъ аст.
  3. Нӯшидани машрубот манъ аст.
  4. Ба ҳаммоми гарм рафтану рӯйи худро дар гармӣ нигоҳ доштан ва бо оби ҷӯш шустушӯ кардан манъ аст.
  5. Истеъмоли антибиотикҳо манъ аст.
  6. Муддати чанд шабонарӯз баъди гузаронидани сӯзандору сахт молиш додани рӯй манъ аст.
  7. Машқҳои ҷисмонӣ ва ба фитнес рафтан манъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *