Канзи шифо: сабабҳои пайдоиши санги талхадон

Салом! Қариб се моҳ шуд, ки худро бад ҳис мекунам. Хӯроки сахт ва ё бирёнӣ истеъмол намоям, дар ҳазмаш душворӣ мекашам, бар замми ин, шикамам дамиш мекунад. Ба назди духтур рафтам. Пас аз ташхис гуфтанд, ки дар талхадонам сангҳои зиёде ҷамъ шудаанд ва ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Мехоҳам сабаби пайдо шудани сангро дар талхадон бидонам. Магар ба ғайр аз ҷарроҳӣ дигар ягон роҳи халосӣ аз сангҳои дар талхадон ҷамъшуда вуҷуд надорад?

ГУЛПАРӢ, шаҳри Кӯлоб

Посух:

— Холелитиаз, яъне ҷамъшавии сангҳо дар талхадон беморие мебошад, ки бар асари вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организми инсон, аниқтараш метоболизми холестерин ва белорубин сар мезанад. Сангҳои талхадон асосан бар асари таҳшиншавӣ ё ҷамъшавии холестерин, сафедаҳо, калсий ва белорубин пайдо мешаванд. Маъмулан дар оғоз онҳо шакли регмайдаро доранд, агар бемор бепарвоӣ зоҳир намуда, табобат нагирад, бо мурури вақт ҳаҷмашон калон шудан мегирад. Бояд тазаккур дод, ки иллати санги талхадон дар намояндагони ҷинси латиф, яъне занон нисбат ба мардон бештар ба назар мерасад. Хотиррасон мекунем, ки ҷамъшавии санг дар талхадон баромадани талхаро душвор гардонида, боиси илтиҳоб гирифтани пардаҳои луобӣ ва гирифтор шудани кас ба бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Беморӣ дар организм муддати тӯлонӣ, 5-10 сол бе ягон нишона ҷараён гирифта метавонад, вале баъдан бо дарди шадиди халанда дар зери қабурғаи рост аз худ дарак медиҳад. Нишонаҳои дигари ин беморӣ дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, тез-тез ба зардаҷӯш гирифтор гаштан, эҳсоси тамъи талх дар даҳон, дамиши шикам, беҳолию бемадорӣ, сахтшавии шикам ва зард шудани ранги рӯю сафедии чашмон аст. Мариз баъзан таб карда метавонад. Бемор хӯрокҳои сахт, бирёнӣ ва тезу тунд истеъмол намояд ё нӯшокиҳои спиртӣ нӯшад, дард сахттар мешавад. Кори вазнини ҷисмонӣ ва стресс низ боиси хуруҷи дард гашта метавонад. Маъмулан дард аз зери қабурғаи рост сар шуда, баъдан ба даст, шона, гардан ва қафаси сина мегузарад. Аз ҳамин сабаб баъзан беморон дарди талхадонро аз хуруҷи бемории дил фарқ карда наметавонанд.

Андозаю шакли сангҳо гуногун мешавад, вале шумораашон зиёд бошад, ҳатман ҷарроҳӣ кардан лозим аст, чунки хатари беҷо шудани санг вуҷуд дорад. Дар сурати лағжиданаш санг роҳҳои талхагузарро банд карда метавонад. Дар ин ҳол кас ба заҳролудшавии организм дучор мегардад, ки гоҳо оризаҳои нохушро ба бор оварда, ҳолати мариз вазнин ва табобаташ душвортар мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *