бемории гурда

Канзи шифо: Санги гурда. Сабабҳои пайдоиши он чист?

Тавре табибони уролог қайд менамоянд, беш аз 50 фоизи маризони ба онҳо муроҷиат мекарда аз бемории санги гурда азият мекашанд. Санг дар ҷисми инсон аз куҷо пайдо мешавад? Оё санги гурдаро бе ҷарроҳӣ афтонидан мумкин аст?   

Санг аз куҷо пайдо мешавад?

Халалёбии мубодилаи моддаҳо дар ҷисм ба пайдо шудани намакҳои обнашаванда мусоидат менамояд ва рафта-рафта ин намакҳо ба санг мубаддал мегарданд. Сабаби дигари бемории санги гурда шамолхӯрии гурда ва роҳҳои пешобгузар аст.

Ҳар қадаре инсон бештар арақ кунад, ҳамон қадар намак дар ҷисмаш зиёд мегардад. Норасоии нурҳои ултрабунафш метавонад боиси афзоиши ҷараёни ба санг табдил ёфтани намакҳо гардад. Сифати оби нӯшокие, ки мо истеъмол мекунем, барои саломатиамон нақши муҳимро мебозад. Ҳар қадаре об дорои намакҳои гуногун бошад, хатари пайдошавии намак даҳчанд зиёд мешавад, аммо агар инсон худаш ин омилҳои «хоб»-ро бедор насозад, дар гурдааш сангу намак пайдо намешавад.

Бодиринги шӯр — балои ҷон

Миёни дигар омилҳои бавуҷудоварандаи санги гурда норасоии доимии витаминҳо, махсусан витамини А ва В, ҳамчунин истеъмоли доимии хӯроки сернамак, шӯр, тез, аз қабили бодирингу помидори консервашуда нақши асосиро мебозанд. Ҳар қадаре шумо бештар бодиринги шӯрак истеъмол мекарда бошед, ҳамон андоза хатари ба санги гурда гирифтор шуданатон меафзояд. Боз як омили дигари пайдоиши санги гурда инфексияи ниҳонии урогениталӣ мебошад, ки одатан тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад.

Намудҳои санг

Сангҳо аз рӯи таркиботи кимиёвӣ, ранг ва сатҳ гуногун мешаванд:

— Сангҳои фосфатӣ. Ранги сафеди симобӣ дошта, то андозае мулоиманд ва ба осонӣ майда мешаванд.

— Сангҳои оксалат. Рангашон сиёҳ ё ало буда, аз намакҳои кислотаи шавелӣ таркиб ёфтаанд. Шаклан хеле ғафсу сахт буда, нӯгтез ва харошанда мешаванд.

— Сангҳои пешобӣ. Сангҳоеанд, ки аз намаки кислотаи пешоб таркиб ёфтаанд. Онҳо мулоиму ғафс буда, рангашон зарди хокистарранг мешаванд.

— Сангҳои систинӣ. Аз ҳама сахт, вале ҳамвору суфта мешаванд.

— Сангҳои омехта. Духтурон баъзан бо сангҳои омехтае дучор мегарданд, ки ядрояшон аз як намуди намак таркиб ёфта, болояш тамоман дигар намуди намак аст. Ин сангҳо дар дилхоҳ қисмати узвҳои пешоббарор, аз ҷумла дар ҳавзак ё дигар қисматҳои гурда, пешобдон, роҳи пешоббарор пайдо шуда метавонанд. Нисбатан хавфноктаринашон сангҳои марҷон мебошанд, ки ҳавзаи гурдаро пурра фаро мегиранд.

Санг чӣ гуна аз бадан хориҷ мешавад?

Сангҳои гурда пайваста роҳи баромад меҷӯянд. Ҳангоми хориҷшавии санг аз организм дарди сахте дар қисмати миёни бемор ба вуҷуд меояд. Нишонаи махсуси хориҷшавии санг аз организм — ин пайдошавии хун дар пешоб аст. Ҷонкоҳтарин дард хурӯҷи дарди гурда мебошад, ки замони беҷо шудани санг аз ҳар як ҳаракати он бемор азоб мекашад. Санг аз ҳавзаи гурда хато шуда, ба роҳи пешобгузар гузарад, дард тоқатфарсо гашта, беморро дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, бемадорӣ ва табларза фаро мегирад.

Андозаи санг аҳамият дорад?

Андозаи сангҳо гуногун буда метавонанд — аз миллиметру диаметр (ин сангҳоро қум низ меноманд) то 10 сантиметр ва аз он зиёдтар. Ақидае вуҷуд дорад, ки сангҳои андозаашон то 1 см худашон аз организм хориҷ мешаванд. Одатан дар чунин ҳолат ҷарроҳӣ гузарониданро фармоиш намедиҳанд.

Сангҳои калонтарро майда карда ё тариқи ҷарроҳӣ гирифта мепартоянд.

Маслиҳатҳои зиёновар

Аксаран ба беморон маслиҳат медиҳанд, ки гиёҳоби аз алафҳои пешоброн тайёршударо бештар бинӯшанд. Ба гумон аст, ки чунин гиёҳоб сангро аз гурда берун созад, вале микроэлементҳои ҳаётан муҳим, аз қабили калсийро ба осонӣ шуста мебарорад. Вақте калсий кам мешавад, кори мушакҳои дил низ суст мегардад.

Пешгирӣ

Роҳи аз ҳама муфидтарини мубориза бо санги гурда, мисли тамоми бемориҳои дигар, пешгирӣ намудани пайдоиши он аст. Камҳаракатӣ метавонад сабаби ба вуҷуд омадани санг дар гурда гардад, бинобар ин, ҳар қадар метавонед, бештар ҳаракат намоед. Бо варзиш машғул шавед, пиёда роҳ гардед, машқ кунед, бирақсед, то намаки дар ҷисматон ҷамъшуда ба санг табдил наёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *