Канзи шифо: Сиёҳдона — давои дилбеҳузурӣ

Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир тез-тез дилам беҳузур мешавад. Шумо сабаби ин ҳолатро дар чӣ мебинед? Ягон давое ҳаст, ки дилбеҳузуриро нест кунад?

Акрам ХОЛОВ, шаҳри Турсунзода

Ба суол табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев посух гуфт:

Бародари азиз, табиб наметавонад бидуни ташхис сабаби бемориро муайян намояд. Эҳтимол дар рӯдаҳои шумо ягон намуди кирм мавҷуд аст ё меъдаатон иллат дорад. Барои аниқ кардани сабаби дилбеҳузурӣ шуморо лозим меояд, ки ба духтур рафта, ташхис намоед. Айни замон бошад, ба шумо чанд давои халқиро тавсия медиҳам, ки дилбеҳузуриро рафъ месозанд.

Аввал. Сиёҳдонаро нарм кӯфта, ним қошуқчаи онро бо каме об фурӯ баред. Ин даворо ман борҳо дар беморони гуногун таҷриба кардаам. Сиёҳдона ба зудӣ беҳузур шудани дилро бартараф намуда, ҳоли маризро беҳтар месозад. Ба хотири осон ва дастрас буданаш онро ба шумо тавсия менамоям.

Дуюм. Бодиёни румӣ (тмин)-ро кӯфта, аз он рӯзе 3 маротиба ба миқдори 5-граммӣ бо каме об нӯши ҷон созед. Дилбеҳузуриро бартараф менамояд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *