Канзи шифо: Сулфаи кӯдакон. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии он

Тирамоҳ, ки сар шуд, мушкили модарон афзун мегардад, зеро кӯдакон тез-тез бемор шуда, табашон баланд мешавад, месулфанд, инҷиқӣ карда, хӯрок намехӯранд, дуруст хоб намераванд ва гиря мекунанд. Аксари волидон сулфаю табби кӯдакро нишонаи шамолхӯрӣ ва зуком пиндошта, мустақилона бо дорую давоҳои оддии зидди грип фарзанди худро табобат кардан мехоҳанд, вале сулфа метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддие бошад, ки дар сурати табобати нодуруст оқибатҳои нохушро ба бор оварда метавонанд.

Сулфа нишонаи чист?

Зуком ва ОРВИ — кӯдак месулфад, атса мезанад, биниаш маҳкам аст, гулӯяш дард мекунад, аз чашмаконаш об мешорад ва табаш аз 37 то 39 дараҷа баланд мешавад.

Бронхит — кӯдак бо шиддат месулфад, нафасгириаш душвор шуда, бисёр арақ мекунад, табаш хеле баланд шуда, ба зудӣ намефарояд. Ин беморӣ кӯдакро камҳол ва беҳаракат мекунад.

Астма кӯдак хеле сахт месулфад ва чунон ба назар мерасад, ки ҳаво барояш камӣ карда, нафасгир шуда истодааст. Вақти нафаскашӣ як садои хоси ба ҳуштак монанд мебарорад.

Пневмания — сулфаи балғамдор, дард кардани қафаси сина ҳангоми нафаскашӣ. Кӯдак камҳаракат шуда, нафасгириаш торафи душвортар мегардад. Таби тифл то 38-40 дараҷа баланд мешавад.

Круп — Кӯдак пуҳ-пуҳкунон месулфад ва тез-тезу чуқур-чуқур нафас кашида, як садои ҳуштакмонанд мебарорад. Овозаш гирифта, ҳиррос мезанад. Табаш гоҳ баланд шуда, гоҳ мефарояд. Дар ин ҳолат кӯдакро фавран ба беморхонаи касалиҳои сироятӣ бурдан лозим аст, чунки круп бисёр бемории хатарнок буда, дар сурати бепарвоӣ метавонад боиси нафасгир шудан ва ҳатто марги кӯдак гардад.

Коклюш — Сулфаи хушк бо садои ҳуштакмонанд, обравӣ аз бинӣ, дилбеҳузурӣ ва сурх шудани рӯйи кӯдак. Маъмулан таби тифли ба коклюш гирифтор то 37-37, 6 дараҷа баланд мешавад.

Туберкулёз — сулфаи хушки доимӣ ва пуршиддат, суст, камҳаракат ва хоболуд шудани тифл. Кӯдаке, ки ба туберкулёз гирифтор шудааст, бисёр инҷиқӣ карда, табаш то 37,5–38 дараҷа баланд мешавад.

Тавре ки мебинед, бемориҳое, ки номбар кардем, нишонаҳояшон ба ҳамдигар монандӣ доранд, бинобар ин, агар сулфа дар муддати як ҳафтаи табобат бо доруҳои маъмулии зидди балғам ва сулфа гум нашавад, ҳатман кӯдакро ба духтур бурда, аз ташхис гузаронед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *