Канзи шифо: Табобати бехобӣ бо асал ва ҷурғот

Салом! Ман зани 50-сола ҳастам ва қариб ду моҳ боз аз бехобӣ азият мекашам. Саломатиам хуб аст, ягон ҷоям дард намекунад, вале шабҳо ҳеҷ хобам намебарад. Тамоми шаб аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, танҳо соатҳои 5-6-и субҳ ҳамагӣ як-ду соат хобам мебараду халос. Асабҳоям аз бехобӣ хароб шудаанд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Хоби аз дида паридаамро чӣ гуна баргардонам?

ГУЛБАҲОР, аз ноҳияи Рӯдакӣ

Посух:

— Бехобӣ мушкили хеле ҷиддӣ буда, натанҳо асабҳои касро хароб месозад, балки метавонад боиси сар задани дарду иллатҳои дигар низ гардад. Аз ҳамин хотир, шахсоне, ки мушкили бехобӣ доранд, бояд ҳатман ба духтури асабшинос муроҷиат намуда, табобат бигиранд. Барои ором гаштани асаб ва хоби бароҳат ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа пеш аз ба бистари хоб даромадан ҳаммом кардан лозим аст. Имконияти ҳар шаб ҳаммом кардан надошта бошед, пеш аз хоб пойҳоятонро то зону дар оби гарм нигоҳ доред. Барои рафъи бехобӣ шумо метавонед ҳамчунин аз давоҳои халқие, ки дар зер меорем, истифода баред.

Нусхаи аввал

Асал дар баробари хусусиятҳои зиёди табобатӣ доштанаш метавонад дар рафъи бехобӣ низ ёрӣ расонад. Орому бароҳат хобидан хоҳед, шабҳо пеш аз хоб як қошуқ асалро бо як пиёла ҷурғот омехта карда, нӯши ҷон созед. Ҷурғот дар ҳазми хӯрок ва кори муътадили меъдаву рӯдаҳо ёрӣ мерасонад, асал бошад, асабро ором месозад ва ҳамин тавр ҷисми шумо оромиш пайдо карда, оромона сар ба болин мегузоред ва бароҳат мехобед.

Нусхаи дигар

Барои аз бехобӣ халосӣ ёфтан аз баъзе гиёҳҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Яке аз чунин гиёҳҳои хобовар фавониё мебошад, ки бештар бо номи русии пион машҳур аст. Миқдоре аз ин гиёҳро ҷӯшонида, обашро полонед ва нӯши ҷон созед. Имконияти дастрас кардани ин гиёҳро надошта бошед, аз маҳлули тайёри фавониё, ки дар дорухонаҳо бо номи “настойка пиона” фурӯхта мешавад, истифода баред. Аз ин маҳлул 20-30-қатрагӣ рӯзе 3-4 маротиба нӯшидан лозим аст.

Нусхаи сеюм

Барои рафъи бехобӣ боз як давои олиҷаноби гиёҳӣ вуҷуд дорад. Ин даво “Олимп” аст. Шахсоне, ки муддати тӯлонӣ аз бехобӣ азият мекашанд, агар рӯзе ду бор якқошуқчагӣ “Олимп” нӯшанд, аз бехобиашон ному нишон намемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *