Канзи шифо: Табобати варами сурхной ва меъда

Чанд вақт боз аз варами сурхной ва меъда азият мекашам. Ба тамоми табибони беморхонаи шаҳрӣ муроҷиат кардам. Бо тавсияи духтурон амал намуда, табобатҳои фармудаашонро гирифтам, аммо натиҷа надод. Илтимос, аз ягон духтури ботаҷриба ба ман тавсияҳо пешниҳод намоед.

Аминҷон АМИНӢ

Барои посух гирифтан ба саволи хонанда мо ба Уроқов Комрон Зокирович, мудири кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино муроҷиат намудем. Ин табиби таҷрибадор бо муҳтавои номаи Аминҷон Аминӣ шинос шуда, гуфт:

— Варами сурхной ва меъда аз зумраи бемориҳои паҳншудаи узвҳои дохилӣ ба шумор рафта, бештар донишҷӯён ва шахсоне, ки реҷаи хӯрокхӯриро вайрон мекунанд, ба ин касалиҳо гирифтор мешаванд. Аслан инсон бояд дар як рӯз 3 маротиба хӯрок хӯрад. Албатта хӯроки мулоим  ва хуб пухташуда. Вақте ки одам реҷаи хӯрокхӯриро вайрон карда, дар вақту соаташ хӯрок намехӯрад ё ба ҷойи ғизои солим дар бештари ҳолатҳо “пирожки”, самбӯса, хот-дог, гамбургер, чизбургер, чипси, “кириешки” истеъмол карда, фантаю колаю дигар нӯшокиҳои газнокро менӯшад, хоҳ-нохоҳ  гирифтори бемориҳои меъдаю рӯда хоҳад гашт, зеро ҳазм кардани ин хӯрданиҳо барои узвҳои ҳозима душворӣ мекунад.

— Хонандаи мо Аминҷон Аминӣ навиштааст, ки барои табобати варами сурхной ва меъда ба духтурони беморхонаҳои шаҳрӣ муроҷиат карда, тамоми табобатҳои фармудаашонро гирифтам, аммо фоида накард. Сабаби самар надодани табобатро шумо ҳамчун табиб дар чӣ мебинед?

— Ба гумони банда сабабаш дар ислоҳ нашудан ва риоя накардан ба парҳез аст. Шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифторанд, агар реҷаи хӯрокхӯриро риоя накунанд ва аз истеъмоли ғизоҳои серравған ва сахти душворҳазм даст накашанд, чӣ доруе, ки нагиранд, фоида намекунад. Дуюм: гастрит чанд намуд мешавад ва вобаста ба навъи беморӣ роҳу усулҳои табобаташ аз ҳамдигар комилан фарқ мекунанд. Аз ҳамин хотир, аввал аниқ кардан лозим, ки ин кадом намуди гастрит мебошад.

— Намудҳои гастрит аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?

— Аз меъёр зиёд ё кам будани кислотаи солянӣ дар организм метавонад касро ба гастрит гирифтор созад. Ин кислота аз меъёр бисёр бошад, беморӣ  “гиперацидный гастрит” номида мешавад, вале аз меъёр кам бошад, онро “гипоацидный гастрит” меноманд. Усули табобати ин ду навъи беморӣ аз ҳамдигар куллан фарқ дорад. Шираи меъда зиёд бошад, доруҳое мефармоянд, ки ба камшавии он мусоидат менамоянд, вале кам бошад, баръакс бо роҳи табобат онро зиёд кардан лозим аст. Аз ҳамин хотир, аввал беморро пурра ташхис карда, муайян намудан лозим аст, ки сабаби пайдоиши беморӣ дар чист.

— Микроб ва бактерияҳо метавонанд боиси варами сурхной ва меъда гарданд?

— Бале, илтиҳоби меъдаю рӯда метавонад ба бактерияҳо низ вобастагӣ дошта бошад ва ин навъи гастритро “Хеликобактерный гастрит” меноманд. Барангезандаи ин навъи гастрит бактерияҳои зараровари “Хеликобактер пилори” мебошанд. Барои халосӣ аз ин навъи гастрит табибон ба бемор доруҳои хусусияти зидди бактериявӣ доштаро тавсия менамоянд. Ман ба шумо дар бораи ин намуди гастрит маълумоти мухтасар додам ва бори дигар такрор мекунам, ки барои самар додани табобат пеш аз ҳама намуди бемориро муайян карда, мувофиқи он дорую дармон гирифтан лозим аст. Шарти дуюми табобати самаранок ин риоя намудан ба парҳез аст. Бемор то парҳез накунад, ягон дору ба ӯ кӯмак намерасонад.

— Гирифторони илтиҳоби сурхной ва меъда аз чӣ бояд парҳез кунанд?

— Шахсоне, ки ба илтиҳоби меъдаю рӯда гирифторанд, бояд аз хӯрдани донагиҳо ба мисли мош, нахӯд, лӯбиё, ғизоҳои сахту бирёнӣ, равғани ҳайвонот  ва тезию тундию шӯрӣ парҳез намуда, фанта, кола ва дигар обҳои газнокро нанӯшанд. Тухм, ҳасиб, ҳасибча (сасики) ва гӯшти бирёнӣ низ зарар дорад. Ман ҳамчун табиб хӯрдани ош, манту, самбӯса, шакароб, қурутоб, нони нав пухташуда ва ширу чаккаи хонагиро ба шахсоне, ки ба иллатҳои меъдаю рӯда гирифтор ҳастанд, тавсия намедиҳам, бояд аз ин хӯрокиҳо қатъиян парҳез намоянд.

— Шумо қариб тамоми хӯрокҳои бомаззаеро, ки мардуми мо хеле дӯст медоранд, дар қатори ғизоҳои мамнӯъ номбар кардед. Бигӯед, ки гирифторони илтиҳоби меъдаю рӯда ба ҷойи ин хӯрданиҳо чиро бояд истеъмол намоянд? 

— Ғизоҳое, ки ман дар боло номбар кардам, ҳазм карданашон бисёр душвор аст, аз ҳамин хотир шахсоне, ки ба бемориҳои меъдаю рӯда гирифторанд, бояд ба хотири барқарор намудани саломатии худ аз ин ғизоҳо парез кунанд.  Ба ҷойи ин хӯрокҳо онҳо метавонанд ғизоҳои  оддии камравған ва зудҳазмшаванда, аз ҷумла пюре, гречка, мастоба, шӯрбо, хомшӯрбо, шӯла, борш, истеъмол намоянд. Ба ҷойи нони гарми дегдонӣ нони сиёҳ (хлеб) ё нони хушк-сухари хӯранд, беҳтар аст.

— Тавсияи шумо ҳамчун табиб ба Аминҷон Аминӣ ва дигар бемороне, ки ба варами сурхной ва меъда гирифторанд?

— Бори дигар такрор мекунам, ки гастрит ҳар хел мешавад ва барои он ки табобат самар диҳад, пеш аз ҳама намуди бемориро бояд аниқ намуд. Шираи меъда зиёд бошад, онро кам кардан лозим аст, вале кам бошад, баръакс доруҳоеро бояд қабул кард, ки ба зиёдшавии шираи меъда месоидат менамоянд. Гастрити хеликобактериалӣ бошад, дар ин сурат ба бемор доруҳои зидди бактериалӣ тавсия карда мешаванд. Аз ҳамин хотир, хуб мешуд, ки бо натиҷаи ташхис ба мо ё табибони дигари ботаҷриба муроҷиат намоянд ва ба парҳез риоя карда, ҷиддӣ табобат бигиранд. Такрор мекунам, ки агар ба парҳез риоя накунанд, на ягон табиб ва на ягон духтур кӯмак карда наметавонад, вале парҳез кунанд, саломатиашон дубора барқарор мегардад.

— Табобат накардани илтиҳоби меъдаю рӯда метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор орад? 

— Ин ба организми инсон ва қудрати муҳофизатии он, яъне иммунитет вобастагӣ дорад. Дар баъзе ҳолатҳо табобат накардани илтиҳоби меъдаю рӯда метавонад боиси сар задани оризаҳои дигар аз қабили захми меъда ва ҳатто бемориҳои анкологӣ гардад, вале маризоне низ ҳастанд, ки ба парҳез риоя намуда, дар муддати кӯтоҳ шифо меёбанд. Бори дигар ҳамчун табиб таъкид мекунам, ки инсон набояд нисбати саломатии худ бепарво бошад. Дар урфият “Табиби аввалини ҳар кас пеш аз ҳама худи ӯст” гуфтаанд, ба реҷаи хӯрду хӯрок риоя намуда, ҳама гуна бемориро пешгирӣ кунанд, албатта беҳтар ва осонтар аст. Аммо дар сурати мариз шудан ва иллат пайдо кардани узвҳои ҳозима сари вақт ба табибон муроҷиат кардан ва давоҳои фармудашударо гирифтану ва ба парҳез риоя кардани маризон шарт ва зарур аст.

— Барои суҳбати муфид як ҷаҳон ташаккур!

Ф. САТТОРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *