Канзи шифо: Танҳоӣ озодист ё решаи бемориҳо?
Дар ҷомеаи муосир шумораи одамони танҳо пайваста афзуда, он ба як мушкили иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Одамони муосир он қадар саргарми кор ва мушкилоти худ ҳастанд, ки оила ва дӯстию рафоқат барин мафҳумҳои муқаддас ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд…
Аксарият фикр мекунанд, ки танҳоӣ аз кашидани бори масъулияти як хонавода беҳтар буда, шахс ҳар чӣ дилаш хост, бемалол ҳамонро анҷом дода метавонад, вале танҳоӣ хатарҳои худро низ дорад. Кам касон медонанд, ки танҳоӣ метавонад боиси сар задани бемориҳои вазнин гардад. Аз ҷумла вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, майзадагӣ ва ихтилоли ғизо аз зумраи бемориҳое мебошанд, ки бештар аз танҳоӣ пайдо мешаванд.
Дар ин бора ба расонаҳо Антон Поляков, пизишк ва равоншиноси клиникӣ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи коршинос, танҳоӣ бо фишори тӯлонӣ ҳамроҳ шуда, ба хастагии музмин, коҳиши хотира ва тамаркуз бурда мерасонад. Гап дар сари он аст, ки танҳоӣ инсонро ба ҳолати стресс гирифтор месозад, ҳар гуна стресс бошад, метавонад боиси аз даст додани моддаҳое гардад, ки ба таҳкими хотира мусоидат мекунанд. Аз ин ҷост, ки фаромӯшхотирӣ дар одамони танҳо бештар мушоҳида мешавад.
Одамон аксар вақт дар заминаи афзоиши кортизол (гормоне, ки баданро аз стресс муҳофизат мекунад) аз ҳад зиёд мехӯранд. Дар натиҷа, муқовимати инсулин меафзояд. Аз ҳамин сабаб одамони муҷаррад аксар вақт фарбеҳ мешаванд. Истеҳсоли нейротрансмиттерҳо — гормонҳои барои руҳия масъул дар одамони танҳо ба таври назаррас коҳиш меёбад. Вақте ки гормони шодӣ коҳиш ёфт, дар вуҷуди кас изтироб ва ваҳму воҳимаи ботинӣ зиёд шуда, боиси сар задани ҳар гуна бемориҳо мегардад. Олимон бар он ақидаанд, ки танҳоии доимӣ барои саломатии инсон камтар аз тамокукашӣ ё вазни зиёдатӣ зарар надорад. Одамоне, ки муошират надоранд, масунияти заиф доранд, онҳо бештар ба сироятҳои вирусӣ осебпазиранд. Дар одамони танҳо хатари гирифтор шудан ба саратон, сактаи қалб, инсулт ва ихтилоли хотира зиёд аст.
Мушкилоти танҳоӣ дар ҳама давру замон вуҷуд дошт, аммо дар асри иттилоот ин ҳолат дар ҷомеа аз ҳарвақта дида шадидтар гаштааст. Муоширати виртуалӣ, қобилияти кор кардан дар хона, харид тавассути Интернет — ин аз як тараф бартариҳои бешубҳаи асри рақамӣ мебошанд ва имкониятҳои моро ба таври назаррас васеъ мекунанд, вале аз тарафи дигар хатари ҷудошавии иҷтимоиро афзунтар мегардонанд. Дар Британияи Кабир дар ибтидои соли ҷорӣ тасмим гирифтанд, ки ба ҳалли мушкилоти танҳоӣ давлат бояд машғул шавад. Дар ин кишвар як кумитаи махсуси давлатӣ барои ҳалли мушкилоти танҳоӣ таъсис дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ