Канзи шифо: Телевизор, компютер ва телефон — се душмани чашм

Бисёриҳо мепурсанд, ки фосилаи чашм бо телевизор, роёна (компютер) ва ё китоб ҳангоми хондан бояд чӣ андоза бошад? Ба ин суолҳо табиби чашм Шаҳло Бобоҷонова посух мегӯяд.

Бо пешрафти илму фанноварӣ теъдоди корбарони телевизор, роёна ва планшету телефонҳои ҳамроҳ низ дар ҳоли афзудан аст. Чашмпизишкон дар ин сурат тавсия медиҳанд, ки бояд беш аз пеш мувозиби чашмони худ буд ва фосилаи нишастан пеши роёна ва телевизорро риоят кард. Фосилаи байни чашмон ва телевизор мустақиман ба диагонал ё қутр ва андозаи экрани он вобаста аст. Бар асоси меъёрҳои чашмпизишкӣ шахс ҳангоми тамошои телевизор бояд аз 1,5 то 3,5 метр дуртар аз он биншинад.

Бо вуҷуди ин, тибқи меъёрҳои тиббӣ тамошои телевизор бештар аз 1,5-2 соат дар рӯз барои афроди синну соли мухталиф тавсия намешавад. Вақти нишастан дар пеши экрани компютер ва ё истифода аз планшету телефон барои кӯдакони то панҷсола рӯзона бояд ҳамагӣ як соатро ташкил диҳад ва он ҳам дар тӯли рӯз бояд ба чанд мавриди 10 то 15-дақиқаӣ тақсим шавад. Кӯдакони аз шаш то ҳаштсола аз 1,5 то 2 соат метавонанд аз компютер, планшет ва ё телефон истифода кунанд. Кӯдакони аз 8 то 12-сола бояд на бештар аз 3,5 то 4 соат дар рӯз ва он ҳам бо тақсимбандии соатҳои таъйиншуда, аз планшету телефони мобилӣ истифода кунанд.

Муддат ва замони кор бо ин дастгоҳҳо аз сӯи кӯдаконро падару модарон бояд ҷиддан назорат кунанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи беш аз ҳадди ин фанновариҳо дар дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашмони кӯдакон таъсири манфӣ расонида, кори онро дар дарозмуддат халалдор месозад.

Сабабаш ин аст, ки ҳангоми кор бо компютер ва ё истифода аз телефону планшет чашми инсон соатҳо ба як нуқта нигоҳ мекунад ва дар натиҷа, дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм соатҳо аз ҳаракат бозмемонад. Соатҳо ба як нуқта хира шудан мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашми инсонро заиф месозад.

Истифодаи аз ҳад зиёди компютер ва телефону планшет на танҳо барои чашмон, балки барои руҳу равон ва асаби инсон, бахусус кӯдакон, зиёновар аст. Беҳтар аст, ки ба ҷои сарфи беҳудаи вақт дар телефону планшет соатҳои тӯлониро кӯдак сарфи хондани китоб кунад. Вақти хондани китоб ё навиштан чашмон ба самти чапу рост ҳаракат мекунанд ва он гоҳ фаъолияти шаш мушаки чашм ҳам беҳтар мешавад.

Ҳангоми хондан китобро набояд бештар аз 30-40 см ба чашм наздик кард. Мутолиаи китоб бояд зери нури равшан сурат бигирад, то ба чашм фишор ворид нашавад. Агар шаб ҳангоми хондани китоб аз чароғи рӯимизӣ истифода кунем, ҷойгиршавии он ба хати китоб бастагӣ дорад. Агар китобамон ба хати сирилик ва лотинӣ бошад, равшании нури чароғ бояд аз самти чап ба китоб расад. Агар хати китоб форсӣ ва ё арабӣ бошад, рӯшноии он бояд аз самти рост бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *