Канзи шифо: ТОП 7 бемории мардона, ки дар зимистон хурӯҷ мекунанд
Аксари мардон нисбати саломатиашон бисёр бепарво ҳастанд ва назди духтур рафтанро ба худ айб медонанд. Маводи навбатии мо маҳз барои ҳамин тоифаи мардон аст, зеро бемориҳое мавҷуданд, ки дар сурати сари вақт ба табиб муроҷиат накардан, марди зоҳиран бақувват ва зӯру тавоноро дар як муддати кӯтоҳ нотавон мегардонанд ва ба бисёр мушкилиҳои дигар, аз қабили бефарзандӣ ва кам шудани рағбати ҷинсӣ гирифтор месозанд. Албатта шумо пай бурдагистед, ки гап дар бораи бемориҳои мардона меравад.
Зимистон бо мардон шӯхӣ намекунад
Қисми зиёди мардон ҳатто дар фасли зимистон низ бо либоси сабук ба кӯча мебароянд ва агар ҳамсарашон эрод бигирад, даст афшонда, мегӯянд: “Миҷози мо — мардҳо табиатан гарм аст, хунук намехӯрем!”. Дар асл, миҷози мард ҳар қадаре ки гарм набошад, зимистон кори худро мекунад ва зери таъсири сармо мард ба бемориҳое гирифтор шуда метавонад, ки табобаташон осон нест. Имрӯз мо дар бораи 7 беморие ба шумо маълумот медиҳем, ки бештар дар фасли сармо авҷ мегиранд:
1. Бемориҳои узвҳои пешоброн
Ҳар дуюмин мард дар сайёраи Замин дар умраш ҳеҷ набошад як бор бо мушкилоти узвҳои пешоброн дучор гаштааст. Сабаб дар он аст, ки мардҳо “мошин дорам, пиёда нестам, роҳ дур нест ё офис гарм аст…” гуфта, бештар бо либоси тунук мегарданд. Мардҳо бояд бидонанд, ки ҳатто дар сурати бо мошин ба кор рафтаву омадан низ хавфи шамол хӯрданашон вуҷуд дорад. Вақте ки шумо бо либоси тунук аз мошини гарм мефароед, ҳамагӣ чанд лаҳза кифоя аст, ки ҷисматон шамол кашида, бо мушкилоти узвҳои пешоброн рӯ ба рӯ гардед.
2. Простатит ва аденомаи простата
Ғадуди простатаи мардон дар байни рӯдаи рост ва пешобдон ҷойгир шудааст. Простатит гуфта, илтиҳоби простатаро дар назар доранд, аденомаи простата бошад, калоншавии ин узв бар асари илтиҳоб буда, 50%-и мардон баъди 40-солагӣ ба ин иллат гирифтор мешаванд.
3. Санг ва илтиҳоби гурда
Ба санги гурда ва илтиҳоби гурда ҳар чорумин марди синну соли 25-50-сола гирифтор мешавад. Санг дар гурда ва пешобдони мард асосан дар натиҷаи вайрон шудани мубодилаи моддаҳо дар организм пайдо мешавад. Ғизои носолим ва одатҳои бад, аз қабили сигоркашӣ ва дил бастан ба шароб низ метавонад боис ба иллатҳои гурда гардад. Баъзан шароити номусоид дар ҷойи кор низ касро ба бемориҳои гурда гирифтор месозад.
Дар фасли зимистон бештар мардон аз пиелонефрит — илтиҳоби гурда азият мекашанд. Бемории мазкур бештар бар асари шамолкашӣ, санги гурда ва табобат накардани простатит ва аденомаи простата мардонро азият медиҳад. Нишонаи аввалини вайрон шудани низоми кори гурдаҳо — ин пайдо шудани варам, махсусан варам кардани таги чашмон мебошад, бинобар ин, бо мушоҳида намудани варам ҳатман ба назди духтур шитобед.
4. Вариоцеле — бемории тухмдонҳои мардона
Вариоцеле бемории тухмдонҳои мардона буда, нисбат ба простатит ва аденомаи простата кам вомехӯрад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба ин касалӣ гирифтор намешавед. Аз ин беморӣ тахминан 15-20%-и мардон азият мекашанд, ки бештарашон ҷавонон ва наврасони нав ба балоғат расида ҳастанд. Вариоцеле гардиши хунро дар узвҳои мардона вайрон мекунад ва дар натиҷа кас метавонад ба безурётӣ гирифтор шавад. Аз ҳамин хотир, ба ҷавонмардоне, ки вариоцеле доранд, тавсия медиҳем, ки ҳатман ба духтури уролог муроҷиат намоянд. Нишонаҳои зерин аз пайдо шудани ин беморӣ дарак дода метавонанд:
• Пайдо шудани дард дар мавзеи миён.
• Мушкилот ҳангоми пешоб кардан, аз қабили дошта натавонистани пешоб ё баръакс, зуд-зуд пешоб кардан.
• Тағйир ёфтани ранги пешоб ва пайдо шудани қатраҳои хун дар пешоб.
• Вайроншави функсияи узв ва суст шудани рағбати ҷинсӣ.
• Якбора вазни зиёдеро партофта, сахт хароб шудани мард.
5. Беморие, ки мардҳо аз он метарсанд
Дар байни бемориҳои мардона чанд касалие ҳаст, ки мардон ба қавле “қади аҷал” аз ин бемориҳо метарсанд ва ҳатто ба худашон иқрор шудан намехоҳанд, ки чунин иллат доранд. Яке аз бемориҳои “даҳшатовар”-и мардона барои ҳар як мард — ин безурётӣ аст.
Таҷрибаҳои табибон ва олимони соҳаи тиб кайҳо собит намудаанд, ки дар беш аз 50%-и ҳолатҳо маҳз бо сабаби бемориҳои мардона оилаҳои ҷавон соҳиби фарзанд шуда наметавонанд, вале аксари мардон гуноҳро фақат ба сари зан бор карда, аз рафтан ба назди духтур худдорӣ мекунанд. Аксаран зан хоҳиш, зорию тавалло мекунад ва ҳатто ба пеши пойи шавҳараш меафтад, ки якҷоя ба духтур рафта, аз ташхис гузаранд, аммо мард саркашӣ мекунад. Якравии мард метавонад боиси сар задани моҷароҳои оилавӣ ва ҳатто вайрон шудани оилаи ҷавон гардад. Бинобар ин, тавсияи мо ба мардоне, ки мушкили безурётӣ доранд, он аст, ки тарсро дар худ мағлуб намуда, ҳатман ба табибон муроҷиат кунанд. Илми тиб имрӯз хеле пеш рафтааст ва бо истифода аз усулҳои замонавӣ безурётии мардона бо муваффақият табобат карда мешавад.
6. Камшавии рағбати ҷинсӣ
Бемории дигаре, ки мардон аз он сахт метарсанд, импотенсия ё гум шудани рағбати ҷинсӣ мебошад. Танҳо дар Россия ҳудуди 5 миллион мардон аз ин беморӣ азият мекашанд. Маъмулан мардҳое, ки ба импотенсия гирифтор шудаанд, кӯшиш мекунанд, ки ин ҳолати худро аз ҳама, ҳатто аз ҳамсарашон пинҳон доранд. Сароғоз мард кӯшиш мекунад, ки кам ё гум шудани рағбати ҷинсиашро ба асабонияти зиёд, хастагӣ ва ё сард шудани оташи ишқу муҳаббаташ нисбат ба зан рабт диҳад, баъд ба худтабобаткунӣ сар мекунад, вале ба ягон натиҷа намерасад. Роҳи беҳтарин дар ин ҳолат ба духтури уролог, андролог ё шаҳватшинос муроҷиат намудан аст. Табиб сабаби сар задани бемориро муайян намуда, табобат мефармояд ва баъди муддати кӯтоҳ шумо боз “марди мардон” ва қаҳрамони ҷабҳаи ишқу муҳаббат хоҳед гашт.
7. ЗППП — “Сюрприз”-и нохуш
ЗППП гуфта, бемориҳои венерикии сироятиеро дар назар доранд, ки асосан бо воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд. Сифилис, хламидиоз ва папилломавирус аз зумраи чунин бемориҳо мебошанд. Дар 80%-и ҳолатҳо ин бемориҳо баъди машғул шудан ба алоқаи ҷинсӣ бо шахси тасодуфӣ, соддатар карда гӯем, бар асари занбозию духтарбозӣ дар мардон пайдо мешаванд. Нишонаҳои аввалини гирифтор шудан ба бемориҳои венерикӣ инҳоянд:
• Пайдо шудани сӯзиш, хориш ва нороҳатӣ дар увзҳои мардона.
• Пайдо шудани доначаҳо ва захмҳо.
• Рафтани ташарруҳот ё зардоб аз узв.
• Пайдо шудани доғҳои ба карами ранга монанд.
• Сурхшавии пӯст.
Бо эҳсос кардани нишонаҳои зикршуда ҳатман ба табибони ин соҳа муроҷиат намудан лозим аст, чунки дар сурати табобат накардани бемориҳои венерикӣ ин касалиҳо мардонро ба бисёр мушкилиҳои дигар гирифтор гардонида метавонанд.
Барои пешгирии бемориҳои мардона чӣ бояд кард?
Барои пешгирии бемориҳои мардона ба қоидаҳои зерин риоя намудан лозим аст:
1. Реҷаи хӯрокхӯриро риоя намуда, ғизоҳои равғанин, бирёнӣ, шӯр, тез ва маҳсулоти дудиро камтар истеъмол намоед. Фаромӯш накунед, ки яке аз сабабҳои кам шудани қувваи мардӣ ва суст шудани рағбати ҷинсии мард фарбеҳӣ мебошад.
2. Аз одатҳои бад, аз қабили сигоркашӣ ва шароб даст кашед.
3. Дар фасли зимистон зуд-зуд ба ҳаммоми гарм — сауна наравед, чунки аксаран маҳз баъди баромадан аз ҳаммом мардон шамол кашида, ба ҳар хел бемориҳо гирифтор мегарданд.
4. Духтарбозӣ накунед, агар бе ин наметавониста бошед, пас худро ҳимоя кунед.
5. Ба хотири пешгирии ҳамли номатлуб танҳо аз воситаҳои пешгирии ҳамл истифода баред.
6. Тасодуфан зарба хӯрда бошед ва дарди узвҳои мардонаро эҳсос намоед, ҳатман сари вақт ба назди духтур равед.
7. Либоси таҳпӯшеро бипӯшед, ки аз матои пахтагин бошад.
8. Вақте ки зуд-зуд пешоб мекунед, ба назди духтур рафтанро ба таъхир нагузоред, зеро ин аломати вайроншавии кори узвҳои пешоброн мебошад.
9. Шумо худро комилан солим эҳсос намоед ҳам, соле ақаллан як маротиба ҳатман аз назорати духтури уролог гузаред.
10. Аз оиладориатон аллакай зиёда аз як сол гузашта, то ҳол соҳиби фарзанд нашуда бошед, шарм надошта, ҳамроҳи занатон назди духтур равед ва аз ташхиси пурра гузаред, то ки аз саломатии худ ва ҳамсаратон дилпур гашта, соҳиби меросхӯр гардед.
Боқӣ, саломат ва хушбахт бошед!
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ