Канзи шифо: Вақте кӯдакро офтоб мезанад, модар бояд чӣ кор кунад?
Имсол тобистон бениҳоят гарм омад. Гармои шадид ба саломатии одамон, махсусан кӯдакон бетаъсир намонда, боиси гирифтор гаштан ба ҳар гуна касалиҳо мешавад. Имрӯз мо дар бораи яке аз бемориҳои маъмулии тобистона — офтобзадагӣ суҳбат хоҳем кард.
Чаро кӯдакро офтоб мезанад?
Сарфи назар аз он, ки барф меборад ё 40 дараҷа гарм шуда, аз тафси ҳаво нафас кашидан душвор аст, кӯдакон дар кӯча даводав ва шӯхию бозӣ карданро дӯст медоранд. Аксаран мо — модарон ба хотири каме осудан аз шӯру мағали бачаҳо ба ин чандон аҳамият намедиҳем, вале дар чунин ҳавои тафсон дар кӯча муддати дурудароз гаштугузор кардани кӯдакон метавонад боиси бемор гаштани онҳо гардад. Модарон бояд махсусан нисфирӯзӣ (аз соатҳои 11 то 17-и бегоҳ) кӯдакони хурдсолашонро ба кӯча баромадан нагузоранд, зеро дар ин вақти рӯз ҳарорати офтоб бениҳоят баланд аст ва зери таъсири нурҳои ултрабунафш хатари кӯдакро офтоб задан даҳчанд зиёд мегардад, махсусан агар кӯдак сари луч мегашта бошад.
Нишонаҳои офтобзадагӣ
Волидон на ҳамеша офтобзадагиро аз дигар бемориҳои кӯдакона фарқ карда метавонанд, бинобар ин, мо дар бораи нишонаҳои асосии ин беморӣ каме маълумот медиҳем.
Маъмулан вақте кӯдакро офтоб мезанад, сусту бемадор гашта, аз дарди сар шикоят мекунад. Дилаш тез-тез беҳузур шуда, ҳатто қай карда метавонад. Табаш баланд шуда, то ба 39-40 дараҷа расида метавонад. Нишонаҳои дигари офтобзадагӣ — ин чарх задани сар, тез-тез задани набз, тез шудани кори дили кӯдак ва хунравӣ аз бинӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо кӯдаки офтобзада ҳатто аз ҳуш меравад. Зуҳури нишонаҳои ба бемории эпилепсия монанд дар чунин ҳолатҳо имкон дорад. Барои он ки ҳолати кӯдак торафт бадтар нашавад, фавран ба кӯдаки бемор ёрӣ расонидан лозим аст.
Ба кӯдаки офтобзада чӣ гуна бояд ёрӣ расонд?
Аввалин коре, ки шумо бояд анҷом диҳед, ин ба ҷойи соя ва салқин бурдани кӯдаки офтобзада мебошад. Пас аз ин либоси кӯдакро бояд аз танаш кашед, то ки ҷисмаш осоиш ёбад. Ба таги сари кӯдак болишт монед ва агар аз ҳуш нарафта бошад, ба ӯ ягон нӯшокии хунукак, масалан компот диҳед. Ба нӯшокӣ каме намак ва як қошуқ шакар андозед, беҳтар аст. Ин ба барқароршавии қуввати кӯдак ёрӣ медиҳад. Барои он ки таъсири нурҳои офтоб ва гармо зудтар аз ҷисми кӯдак хориҷ шавад, латтаеро тар карда, ба пешониаш гузоред. Метавонед ба гардан ва ба таги каши кӯдак низ латтаи тар монед, то ки ҷисмаш сарду салқин шавад.
Кӯдакро ба беморхона бурдан лозим аст ё не?
Барои эҳтиёт шумо бояд ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед. Духтурон ҳолати кӯдакро дидаву санҷида, мувофиқи он амал мекунанд. Ҳолати умумии кӯдаки офтобзада агар хуб бошад, дар хона ба ӯ кумаки тиббӣ мерасонанд ва табобат таъин мекунанд, вале ҳолати кӯдак вазнин ва аз ҳуш рафтаю саломатиаш зери хатар қарор дошта бошад, ӯро фавран ба бемористон мебаранд. Волидон бояд дар чунин ҳолатҳо ба бистарӣ кардани кӯдак (махсусан агар тифли хурдсоли 1-5-сола бошад) дар беморхона мухолифат накунанд, чунки офтобзадагӣ метавонад боиси беобшавии организм гашта, кори узвҳои дохилии кӯдакро халалдор созад ва оқибатҳои нохушро ба бор оварад.
Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?
Аксари падару модарон офтобзадагиро бемории чандон ҷиддӣ ҳисоб накарда, ба кӯдаки офтобзада аҳамият намедиҳанд. Ин кори хато аст, чунки тавре дар боло гуфтем, бепарвоии волидон метавонад боиси бар асари таби баланд беоб гаштани ҷисми нозуки кӯдак ва вазнин гаштани ҳолаташ гардад. Ногуфта намонад, ки ҳар қадаре кӯдак хурдтар бошад, ҳамон андоза офтобзадагӣ барояш хатарноктар аст, бинобар ин, шуморо лозим аст, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини офтобзадагӣ дарҳол аз паси расонидани ёрии тиббӣ ба фарзанди худ шуда, табибонро даъват намоед ё кӯдакро ба беморхона баред.
Маъмулан ҷисми кӯдакон хеле зуд барқарор мешавад ва дар сурати сари вақт гирифтани ёрии тиббӣ фарзанди шумо ба зудӣ аз таъсири бади офтобзадагӣ раҳоӣ ёфта, боз бо шӯхию хандаҳояш ба кошонаи шумо нуру зиё мебахшад.
Тобистон дароз аст ва барои он ки чунин ҳолат минбаъд такрор наёбад, волидон бояд нисбат ба фарзандони худ бодиққат бошанд. Фарзандонатонро дар ҳавои гармои тобистон беназорат нагузоред. Иҷозат надиҳед, ки кӯдакон, махсусан хурдтаракон дар ҳавои гарм нисфирӯзӣ дар кӯча беҳуда гаштугузор намоянд. Барои пешгирии офтобзадагӣ ҳатман ба кӯдакон кӯлоҳ пӯшонед, то сари кӯдаки шуморо аз таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб муҳофизат намояд. Тобистон айёми дамгирӣ ва сайругашт аст, вале фаромӯш накунед, ки ҳаноми саёҳат низ шумо бояд фарзандони худро аз таъсири гармо ва вирусу микробҳо эмин нигоҳ доред, то ки бемор нашаванд.
Ба шумо ва фарзандонатон тобистони тиллоии саршор аз хушиҳо ва бидуни бемориро таманно дорем!
Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ