Капитан Иброҳимов ба хотири наҷоти кудак худро ба коми оташ андохт (Видео)

Имрӯз, 17-уми август дар қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири пос доштани капитани милитсия Фаррух Иброҳимов санги хотиравӣ гузошта шуд.

Имрӯз, 17-уми август дар қисми низомии 3502-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хотири пос доштани капитани милитсия Фаррух Иброҳимов санги хотиравӣ гузошта шуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар назди санги хотиравӣ гулчанбар гузошта, доир ба корнамоии ин афсари шуҷоъ, ки чанде пеш дар шаҳри Конибодом як нафар кудакро аз сухтор наҷот дода, худ ба ҳалокат расида буд, сухан кард. Ӯ таъкид намуд, ки капитан Фаррух Иброҳимов дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт.

8 -уми август дар хонаи ҳамсояаш воқеъ дар шаҳри Конибодом сӯхтор ба амал меояд. Номбурда бо мақсади наҷот ба хонаи ҳамсояаш даромада, мехост кудакеро аз сӯхтор наҷот диҳад. Аммо кудакро аз дами оташ наҷот дода, дар вақти фурӯ рафтани боми хона худ ба коми оташ меафтад. Сокинони шаҳри Конибодом ӯро фавран ба беморхонаи марказии шаҳр меоранд. Ба капитан духтурон кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Дар натиҷа, мутахассисони тиб маълум кардаанд, ки 85 фоизи бадани Фаррух Иброҳимов сӯхтааст. Мутаассифона, табибон ҷони ин ҷавонмарди далерро натавонистанд харанд ва бо гузашти 4 рӯзи ҳодиса капитани милитсия Фаррух Иброҳимов ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *