Капитан Иброҳимов баъди марг бо медали «Ҷасорат» қадрдонӣ шуд
Афсари Қӯшунҳои дохилии ВКД капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.
Афсари Қӯшунҳои дохилии ВКД капитан Фаррух Иброҳимов баъди марг бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.
Қаблан бошад, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рутбааш ду зина боло бардошта шуда, бо рутбаи «подполковник» қадршиносӣ гардид.
Ёдрас мешавем, ки Иброҳимов Фаррух Фурқатович, муовини командири баталиён оид ба техникаи қисми ҳарбии 3502 РҚД ВКД ҳангоми қарор доштан дар рухсатии меҳнатӣ дар зодгоҳаш шаҳри Конибодом, баъди бохабар гаштан аз ҳодисаи сӯхтор дар манзили истиқоматии ҳамдеҳааш Саодат Толибова, воқеъ дар маҳаллаи Ҳавзи баланд, бетараф наистода, барои хомӯш кардани оташ ҳиссагузорӣ намуд. Афсари ҷавон, ки ҳамагӣ 27 сол дошт, бо ғайрати том ба сӯхторхомӯшкунӣ машғул гашта, дар иҳотаи оташ 85 фоиз ҷароҳати сӯхтани аъзои бадан бардошт ва дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ҳодисаи сӯхтор шоми 8-уми август сар зада, ҳуҷраҳои истиқоматӣ бо амвол дар масоҳати 90 метри мураббаъ ба коми оташ рафтанд. Инчунин, хатари паҳншавии алангаи оташ ба дигар манзилҳои истиқоматӣ ба вуҷуд омада, қисми дарвозахонаи ҳамсоя низ сӯхта зарар дид.
Дар ин ҳодиса дар баробари кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар ҳамсояҳо капитан Фаррух Иброҳимов низ барои хомӯш кардани оташ талош намуда, бо мақсади наҷот додани моликияти соҳибхона ва пешгирии афзоиши зарар афсари ба савганди худ содиқи мақомоти корҳои дохилӣ ҷасурона қарзи шаҳрвандии худро иҷро карда, ҷонашро дар хатар гузошт.
Оқибати сӯхтор барои оилаи Иброҳимовҳо бо аз даст додани фарзанд хело пурдарду ҷигарсӯз бошад ҳам, онҳо ифтихор доранд, ки чунин фарзанди солеҳ, қавииродаву поктинатро ба камол расонидаанд, ки хизмат ба халқу Ватанро пеша намуда, дар ҷодаи интихобнамуда то охирин нафас содиқ монд.
Иброҳимов Фаррух Фурқатович 23 октябри соли 1992 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, дар оила фарзанди нахустин буд. Аз соли 2010 то соли 2015 дар Институти ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Руссия дар шаҳри Перм таҳсил карда, баъди хатм фаъолияти хизматиашро дар қисми низомии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ