Карҳои суғдӣ

                           

 Пардаи гӯши баъзе  аз онҳоро шавҳаронашон даррондаанд

Бино ба иттилои масъулини “Ташкилоти ҷамъиятии иттиҳодияи миллии ношунавоёни Тоҷикистон дар вилояти Суғд” ҳоло дар ин минтақа беш аз 2 ҳазор ношунаво аъзои он мебошанд. Ба гуфтаи  масъулини ин ташкилот,  аз  ин шумора 1000 нафарашон  зан буда, онҳо ба исттеҳсоли маҳсулоти қаннодиву корҳои дӯзандагӣ ҷалб шудаанд.

  Зулфия  ношунаво бошад ҳам, забони савдоро хуб медонад

Чанде пеш барои харидани кулчақанд ба бозор рафта будам. Байни фурӯшандагон  баъзе аз ҳаракатҳои Зулфия диққати маро ҷалб карда буд. Зулфия дар бозори марказии “Панҷшанбе” ба савдои шириниворӣ машғул аст. Ин зан карру гунги  модарзод аст.

 Ӯ бо мо бо имову ишора гап мезад. Ин вақт   телефонаш занг зад, ки аз садо ҳам “вибратсия”-и он баландтар буд. Зан гӯширо бардошт ва бо ишора ҳисоботи корияшро дод.  Экрани телефонро ба ҳар намуд маҳсулоте, ки мефурӯхт  наздик оварда, бо ангуштонаш ҳисобот медод, ки аз кадом навъи маҳсулот чӣ қадараш ба фурӯш рафтааст. Сабаби ҳаракатҳои занро аз ҳамсояаш пурсон шудам. Яке аз ҳамсоядӯконҳояш  гуфт:

 — Инҳо гӯшҳои ношунаво дошта бошанд ҳам, забони савдоро хуб омӯхтаанд. Савдояшон суст нест.

Маҳмудов: “Сухочистка” гуфтанӣ чиз аслан вуҷуд надорад

-Яке аз сабабҳои асосии ба дарди гӯш гирифтор шудан шамолхӯрӣ аст, ки мутаассифона, шаҳрвандони мо баъди садопардаҳои гӯшро то ба дараҷаи риму фасодрезӣ расонидан муроҷиат мекунанд, — мегӯяд корманди ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд,  мудири шуъбаи сурдология, Султон Маҳмудов.

Дигар сабаби пайдо шудани ин навъи беморӣ аз инфексия мебошад, ки мардум бо ҳар гуна гӯштозакунакҳо гӯшашонро тоза карда, бо ин корашон баръакс гӯшро тоза нею аз микробҳо пур мекунанд. Дар асл “сухочистка” гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Он  чӯбчаҳое, ки дар фурӯш ҳастанд, барои молидани ёду малҳамҳост. Ба наздикӣ ба назди мо зане баъди аз даст додани пардаи гӯшаш омад. Нақл кард, ки ҳангоми гӯшашро тоза кардан писарчааш ба дасташ аз беэҳтиётӣ задааст. Бо ҳамин гӯштазакунак ба гӯш сахт халида, пардаи онро даронидааст. Барои ҳамин рӯзгордидагон мегӯянд, ки агар гӯшад хорид, бо оринҷи дасташ хор. Дуюм, заҳролудшавии асаб ҳам яке аз сабабҳои асосии кар шудани инсон мегардад.

Сеюм сабаби ношунавоӣ  ё худ кари модарзодӣ тавлид шудани тифл ин натиҷаи никоҳи хешовандӣ аст, ки тақрибан аз 100 10% — ро ташкил медиҳад.

 Ҷадвали беморони гӯш,  ки дар соли 2015-16 бистарӣ шудаанд

Номгӯи шаҳру ноҳияҳои Суғд 2015 2016
1 ш. Хуҷанд 125 нафар 104 нафар
2 н. Бобоҷон  Ғафуров 175 нафар 165нафар
3 н. Ҷаббор  Расулов 147 нафар 127 нафар
4 ш. Истаравшан 43 нафар 32 нафар
5 н. Деваштич 44 нафар 30 нафар
6 н. Спитамен 37 нафар 32 нафар
7 н. Мастчоҳ 44 нафар 38 нафар
8 ш. Исфара 30 нафар 28 нафар
9 н. Шаҳристон 5-нафар 14-нафар
10 ш. Истиқлол 18-нафар 7-нафар
11 н. Ашт 24-нафар 42-нафар
12 н. Конибодом 22-нафар 26-нафар
13 ш. Бӯстон 6-нафар 21-нафар
14 н. Зафаробод 6-нафар 14-нафар
15 ш. Панҷакент 4-нафар 5-нафар
16 н. Айнӣ 10-нафар 12-нафар
17 ш. Гулистон 12 нафар 10 нафар
18 ш. Душанбе 1 нафар 3 нафар
19 Ҳамагӣ 703 нафар 751 нафар

Чӣ хеле ки дар ҷадвал қайд шудааст,  шумораи зиёди беморон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Ашт бисёртар бистарӣ карда шудаанд.

Оббозӣ ҳам сабаи  каршавӣ мегардад?

Баъзеҳо барои оббозӣ дар  обанбору ҳавзҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Бархе аз бемороне, ки ба назди мо меоянд, ба гӯшашон барвақт об даромадааст, вале тақрибан пас аз як-якуним моҳ ба духтур муроҷиат мекунанд. — мегӯяд Маҳмудов.

Ҳозир дар шуъбаи мо 74 нафар беморони гӯш ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки қисми зиёдашон маҳз бо сабаби даридани пардаи гӯш ба ин ҷо омадаанд. Зеро тавре, ки худи беморон изҳор медоранд, баъзе аз эшон аз зарбаи шаттаи мард  ба ин ҳол афтодаанд. Аммо сабабҳои дигар ҳам ҳастанд. Масалан, қобилияти қабули овоз барои инсон аз 16 то 20 килабигт аст. Овоз аз нишондод баланд, ки шуд он, албатта, таъсири манфии худро ба узви сомеаи инсон мерасонад. Баъди бо дараҷанокии баланд овозро гӯш кардан инсон паёпай кар нашавад ҳам, узвҳои гӯш халалдор мегардад. Аммо аксар инсонҳо ҳангоми оббозӣ ин ҷиҳатро тамоман нодида мегирем. Чуноне ки мегӯянд, “саломатии ҳар фард дар дасти худи ӯст”…

Фарзона Муродӣ,

                                                                           Матлуба Ҳамдамова

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *