Карантини макотиби миёна то 16-уми август тамдид карда шуд
Бино ба хуруҷи бемории сироятии каронавирус дар Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуданд. Дар ин бора имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарори дахлдор қабул намуд.
Дар ин санад аз ҷумла омадааст:
«Вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус-Ковид-19 имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 қарор қабул намуд:
- Хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад.
- Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.
- Баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад.
- Имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.
- Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19 таътил тамдид карда шавад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ