Карима Вайдо – Лос – Анҷелес – Афғонистон
Ба ногаҳон
Оворагиамро мекашонам, бо худ,
Монанди боядҳои сарнавишт.
Ба назди ҳамин одресам, васати ҳаждаҳ ва бист,
Китобҳоямро, ки бармедорам аз қафасаҳо,
Гум мешавам, тамомқад.
Миёни коғазпораҳои муҷолашуда,
Лойи гарду ғубори дирўзҳои барнагашта,
Ва сояҳое, ки парса мезананд,
Аз чапу рост.
Ба ногаҳон,
Аз миёни таронаҳои нотамом,
Аз даруни сурудаҳои хат-хатӣ,
Аз варои хотироти ширину шўру талх,
В-аз лойи ҳофизаи қадими хеш,
Берун меоям.
Худамро меёбам,
Худи раҳошудаамро,
Аз хоби комаӣ,
Бархостаам.
Бо худ дидор мекунам,
Бо «нав»-и худам,
Бо «нав»-и дигар.
***
Шеъри нагуфта
Нарасида бар сурати ман,
Дастат.
Оташе зери пўстам,
Дамида буд канори гунаҳои сурхам,
Мехобам.
Бистари сапедам,
Гулдўзӣ шудааст,
Доманам.
Дар бод мерақсад,
Танам дар ҷома,
Лабонам,
Аз шеъри нагуфтае,
Хабар медиҳанд.
***
Раҳо
Чашмонаро гушодам,
Ситораи обмарворидашро,
Дар гулўям чакид,
Ва осмон қатраӣ шуд.
Ва дар чашми ман ҳулул кард,
Аз пўсти хастаи хеш,
Берун ҷастаам,
То қалбамро,
Ба фарохнои осмон, ҳадя кунам.
Ва ишқро,
Сухане аз нав сароям.
Ишқро,
Номе аз нав бояд.
Тафсире аз нав,
Меҳрро,
Ҳарфе аз нав бояд,
Таъбире аз нав.
Бештар аз ҳар вақте,
Гирифторам.
Бештар аз ҳар даме,
Ошиқ.
Бештар аз ҳар лаҳзае,
Озод.
Ҳаво ҳам,
Ҳамсариам нахоҳад кард.
***
Ҷинси дуюм
Парда барафтод,
Ва дигар на чашмони туро,
Ёрои дидан буд ва на касеро,
Аз ончи мегузашт, дар он,
Аз ашку навмедӣ.
Ва ту,
Надидӣ ҷаҳонро,
Магар аз варои чашмак рупўшӣ,
Ки осмонро,
Ба шишаҳои мункасири рез,
Мубаддал мекард.
Ва ҷаҳони диди туро,
Аммо на ончунон, ки будӣ,
Магар аъҷўбаеро,
Ки аз лойи харобаҳои торих,
Мехиромид.
Ва духтарони «Ҳавво»,
Набуданд аз одамиёну аз одамизодагон.
Магар аз табори «зан» аз ҷинси дуюм,
Ва «зан» дар ҳуҷраи зеҳни онҳо чизе набуд,
Ба ҷуз аз тадоии бистар.
Ва чунин омади рўзгор,
Ки дигар касеро,
На ёроии «на гуфтан» буд,
На, гуфтану парда ба ҳам кашида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ