Каримзода бо Сафири Туркия масоили гумрукиро баррасӣ кард
Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар самти фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардид.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд. Бинои ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон , дар вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳар ду ҷумҳурӣ судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкории гумрукӣ фароҳам овардани мубодилаи электронии маълумоти гумрукии байни мақомоти гумруки ду давлат муҳим мебошад.
Инчунин, ҷонибҳо масъалаи густаришу тавсеаи ҳамкориро дар баргузории Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба таҳияи лоиҳаи санади ҳамкорӣ оид ба мубодилаи мутақобилаи маълумоти омори гумрукии савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркия ишора намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мусоҳибон ҳалли масъалаҳои матраҳшударо муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур ба рушди босуръати ҳамкории дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ба таҳким ва густариши он дар самтҳои нави фаъолияти гумрукӣ хизмат хоҳад намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ