“Карнавал”-и Диловар ва Айзик нашр шуд

Ду рэпсарои радаи аввали кишвар Диловар Андалибов ва Айзик (лил Ҷовид), ки мудом бо эҷодҳои нав хотири ҳаводоронашонро шод мекунанд, рэпи дуовозии худро дар ютубканали “Ad aka Dilovar” нашр карданд.

Гап-гапи таҳияи рэпи мазкур чанд моҳ инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда буд. Онро зиёдтар ҳаводорони Диловар Андалибов интизор буданд.

“Карнавал” дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

— Кошке мебудам кӯру кар,

Намехаридам ба худ дарди сар.

Кошке мебудам дар ба дар,

“Чем” дар хонаи торику холӣ.

Гуфтан мумкин аст, ки рэпи “Карнавал”-ро аз дигар рэпҳои Диловар камтар гӯш кардаанд. Бо гузашти 5 шабонарӯз ҳанӯз ҳам онро 200 ҳазор маротиба нашунидаанд, ки ин нишондод барои эҷоди рэпсаро ниҳоят кам аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *