Каромат Шарифов дар “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе Ӯро олигархҳои Маскав берун карданд?

 

Бино ба охирин иттилои дарёфтӣ, президенти Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов феълан дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе таҳти табобат қарор доштааст. Манбаи «Ахбор” гуфт, Каромат Шариповро кормандони мақомот ба бемористон оварданд, вале наздиконаш метавонанд дар инҷо озодона аз ҳолаш хабар бигиранд.

Як манбаъ дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе рӯзи 14 декабр хабар дод, ки Каромат Шарипов баъди ихроҷаш аз Русия дар ҳамин бемористон таҳти табобат қарор дорад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Каромат Шариповро кормандони милиса ба бемористон оварданд, вале ҳоло ӯ дар як палата қарор дошта, наздиконаш метавонанд озодона аз вай аёдат кунанд.

Гуфта мешавад, ки Каромат Шарипов дар бемористони «Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе сутунмӯҳраашро табобат мекунад. Вакили ӯ Александра Медведева ҳанӯз рӯзи 8 декабр баъди аёдат аз Каромат Шарипов дар боздгоҳи Егоревск дар вилояти Маскав хабар дода буд, ки ӯ аз дарди пой ранҷ мекашад.

Шаби 12 ба 13 декабр, вақте Каромат Шариповро аз фурудгоҳи Домодедово бо парвози Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон ихроҷ мекарданд, вай савори аробачаи маъюбӣ буд. Александра Медведева гуфта буд, ки Каромат Шариповро замоне боздошт карданд, ки ӯ ба ҷарроҳии сеюми сутунмӯҳрааш омодагӣ мегирифт.

Додгоҳи шаҳри Любертсии Русия рӯзи 30 ноябр шаҳрвандии Русияи Каромат Шариповро бекор ва ҳукми ихроҷи ӯро содир кард. Додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ин ҳукмро тасдиқ кард ва алакай баъди чанд соат Каромат Шариповро ба фурудгоҳи Домодедово оварда, бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристоданд.

Баъди расиданаш ба Кӯлоб изи Каромат Шарипов гум шуд. Ӯ аз инҷо танҳо дар як тамоси кӯтоҳ бо наздиконаш ҳамин қадар гуфта буд, ки дар сӯҳбат бо мақомот қарор дорад.

Рӯзи 14 декабр Умарҷони Эмомалӣ сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби ин ниҳод дастгир шудани Каромат Шариповро рад карда гуфта буд, ки ӯ дар вазорати дохила нест: «Мо намедонам, ки ӯ ҳоло дар куҷост, вале ӯ дақиқан дар вазорати корҳои дохилӣ нест ва мо ҳам саволе ба вай надорем.”

Бисёриҳо мӯътақиданд, ки ихроҷи намоишкоронаи Каромат Шариповяк амали фармоишист ва дар пушти он мақомоти амниятии Русия ва соҳибони пурнуфузи бозори бузурги «Москва” дар минтақаи Люблинои пойтахти Русия истодаанд.

Дастикам ду раҳбари ҷамъиятҳои дигари тоҷикони Русия дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” бидуни бурдани ном иқрор карданд, ки аз мақомоти амниятии Русия ҳушдор гирифтаанд, ки ба тарафдорӣ аз Каромат Шарипов то замони ихроҷаш аслан садо баланд накунанд. Ҳамин тавр, тоҷикони наздик ба соҳибони бозори Люблино ба тоҷикҳои пурнуфуз дар Маскав «маслиҳат” додаанд, ки бо ҳадафи пуштибонӣ аз Каромат Шарипов даст ба ягон иқдом назананд, ки барояшон оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт.

Ба ҳамин далел, тайи тақрибан ду ҳафтае, ки аз замони судури ҳукми ихроҷи Каромат Шарипов то ихроҷи ӯ бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб гузашт, ҷамъиятҳои тоҷикони Русия аксар ба даҳон об гирифта, ба ҳимоят аз вай садо баланд накарданд.

Раҳбари яке аз ин ҷамъиятҳо ба шарти набурдани номаш ба «Ахбор” гуфт: «Каромат Шарипов барои соҳибони бозори Люблино кайҳо боз мисли як устухон дар гулӯ шуда буд. Ӯ соли гузашта дар эътирози таксиронҳои тоҷики ин бозор ширкат варзид, дар сомонаи Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия, ки Каромат Шарипов раҳбарӣ мекард, як силсила мақолаҳо дар бораи дар шароити ғуломӣ қарор доштани мардикорони тоҷик дар бозори Люблино ба нашр расиданд. Ва қатраи охирине, ки косаи сабри соҳибони ин бозорро лабрез кард, эътирозҳои рӯзҳои 20-21 сентябри муҳоҷирони тоҷик дар даромадгоҳи ин бозор буд.”

Шаби 20 сентябр ва рӯзи 21 сентябр дар пайи латукӯби аробакаши тоҷик Наврӯз Зикиров (ДАР АКС) аз сӯи посбонҳои бозори Люблино даҳҳо муҳоҷири тоҷик бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорон дар назди ин бозор ҷамъ шуданд. Дар ҳарду маврид нирӯҳои ОМОН омада, даҳҳо тоҷикро боздошт карданд. Пулис дар наздикии бозор Каромат Шариповро дастгир кард ва додситонии Люблино ба вай ҳушдори расмӣ дод, ки дар сурати такрори чунин эътирозҳо ба ҷавобгарӣ кашонда хоҳад шуд.

Раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони Маскав дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт: «Ҳарчанд тоҷикҳо аз лиҳози шумора яке аз бузургтарин диаспораҳои Маскав шудаанд, вале аз нигоҳи нуфуз мо ҳанӯз чандон қавӣ нашудаем, ки бо соҳибони бозори Люблино – яҳудитаборони зодаи Озарбойҷон – сарбасар шавем. Онҳо соҳиби ин бузургтарин бозори Русияанд ва тоҷикҳои мо дар онҷо – ҳадди аксар соҳиби ягон дӯкон ё бригадири аробакашҳо. Соҳибони бозори Люблино дар вақташ тавонистанд, ки барои таъмини пешрафти бозори худ ҳатто бозори машҳури Черкизоворо бубанданд. Аз ин рӯ, аз аввал маълум буд, ки Каромат Шарипов дар мубориза бо соҳибони пурнуфузи ин бозор шикаст мехӯрад. Ин мисли бо думи шер бозӣ кардан буд.”

Ҳамагӣ чанд рӯз баъди эътирозҳои 20-21 сентябр, аробакаши латукӯбшуда Наврӯз Зикировро ба таври мармуз «барои идомаи табобату истироҳат” ба Тоҷикистон фиристоданд. Бархе манобеъ гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Самад – яке аз бригадирҳои асосии аробакашони бозори Люблино аз номи соҳибони ин бозор ба Наврӯз Зикиров 150 ҳазор рубл додаанд, ки тарки Русия кунад.

Ва алакай рӯзи 4 октябр раиси бахши муҳоҷирати пулиси шаҳри Любертсии вилояти Маскав шахсан ба дафтари кори Каромат Шарипов омада, баргардондани шиносномаи русиашро талаб кард. Рӯзи 30 ноябр додгоҳи Любертси шаҳрвандии русии Каромат Шариповро бекор ва ҳукми ихроҷи ӯ аз қаламрави Русияро содир кард. Каромат Шарипов ва вакили ӯ аз ин ҳукм шикоят бурданд, вале додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 12 декабр ҳукми ихроҷи вайро тасдиқ кард.

Ва ҳамагӣ чанд соат баъди ин Каромат Шариповро савори аробачаи маъюбӣ ба фурудгоҳи Домодедово оварда, ба ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб бор карданд.

Ва аммо Ҳафиз Бобоёров, олими тоҷик бар ин бовар аст, ки як ҳадаф аз ихроҷи Каромат Шарипов пешгирӣ аз табдили муҳоҷирати корӣ ба ҳаракатҳои коргарӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ буд: «Дар робита ба истирдоди Каромат Шарипов ба Тоҷикистон, фарзияе, ки ба он мешавад бовар кард, ин аст, ки ҳукуматҳои пасошӯравии Русия ва Тоҷикистон мехоҳанд статус кво (вазъияти мавҷуда)-ро нигоҳ доранд. Яъне муҳоҷирати корӣ набояд ба ҳаракати коргарӣ табдил ёбад. Ҳаракати коргарӣ бо дастгоҳ ва механизми ҳимояи ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, ба манфиати Русия нест. Афзуда бар ин, Русия дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад, ки элитаи сиёсиро дар қиболи ҳама гуна ҳаракатҳо ва муборизаҳои эффективӣ (дар доираи қонун суратгиранда) ҳасос кардааст. Шояд онҳо тарс доранд, ки ҳаракати коргарии муҳоҷирон ба ҳаракати зиддифасод пайвандад ва дардисарҳои бештар барояшон эҷод кунад.”

Каромат Шарипов 1 апрели соли 1963 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омада, омӯзишгоҳи низомии шаҳри Симферополро хатм кардааст. Ӯ дар солҳои 80 дар Артиши Шӯравӣ ва дар солҳои 90 дар дивизияи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард ва рутбаи майори артиши Русияро дорад. Каромат Шарипов баъди анҷоми хидмати низомӣ дар ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав чанд созмони ҷамъиятӣ, ба мисли Лигаи тоҷикони Русия, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ва ахиран Федератсияи муҳоҷирони СНГ-ро ташкил дода, ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул буд.

«Ахбор.сом»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *