Кароматуллоҳи МИРЗО, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Зиндагинома. Кароматуллоҳи Мирзо 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳозира ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонадони мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. Модараш мактабдор буда, ба духтарони деҳа савод меомӯзонидааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст.

Фаъолият. Фаъолияти кориро аз муаллимӣ дар мактаб оғоз карда, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» («Анбоз»), мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), мудири шуъбаи адабиёт ва санъати рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»), мудири шуъбаи адабиёти бадеии нашриёти «Маориф» («Маориф ва фарҳанг»), сармуҳаррир ва директори нашриёти «Адиб» (1990-2004) будааст. Аз соли 2007 якчанд сол сармуҳарририи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро бар зимма дошт. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви чандин кумитаю созмону комиссияҳои бонуфузи ҷумҳуриявист. Аз соли 1982 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт. Аз ибтидои солҳои шастуми асри гузашта рӯ ба таълифи насри бадеӣ овардааст. Нахустин ҳикояи ӯ «Айб аз худатон, додар!» соли 1965 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва китоби аввалинаш — қиссаи «Ситораи умед» соли 1980 дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи ҳикоя, очерк ва қиссаҳояш «Маоши аввал» (1982), «Шабе дар Кабудҷар» (1984), «Дарди ишқ» (1986), «Суруди муҳаббат» (1988), «Дар орзуи падар» (1989), «Нишони зиндагӣ» (1993), «Ситораҳои паси абр» (2005), «Ҷилои ситораҳо» (2012), романҳои «Дар орзуи падар» (иборат аз се қисмат, 2010), «Марги бегуноҳ» (2012), «Ду ҳикоя» (2013), «Деҳаро хоб мебинам» (2014) пайиҳам рӯи чоп омада, мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.

Қадршиносӣ. Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи адабии ба номи Л. Н. Толстой, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ордени «Шараф», Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *