Кароматулло Мирзоев 75 сола мешавад
Кохи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз аз сари субҳ идгоҳро мемонд.
Аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, муаллимону толибилмон ва кули дӯстдорони каломи бадеъ, натанҳо аз худи ноҳия, балки аз навоҳии гирду атроф ва пойтахти кишвар ин ҷо ҷамъ омаданд, то ҷашни 75-умин солгарди умр ва 50-солагии фаъолияти эҷодии родмарди сухан, фарзанди фарзонаи миллат, номбардори диёр, Нависандаи Халқии Тоҷикистон-Кароматулло Мирзоевро таҷлил намоянд. Ҳавлии Кохи фарҳанги ноҳияро тимсоли асарҳои бебаҳои ин адиби шинохта, ки дар тарбияи маънавии мардум нақши муассир бозида, дар байни хонандагон маҳубияти зиёде доранд, оро медод. Мухлисону ҳаводорони адиб бо дилташнагӣ омадани меҳмони олиқадрро интизорӣ мекашиданд. Бо вуруди Кароматулло Мирзоев ба саҳни Кохи фарҳанг фавҷи кӯдакони гулбадаст мисли селаи кабӯтарони сафед ба сӯйи ин марди сухан давида, нависандаи маҳбубро гулборон карданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадраҳим Юсуфӣ маҳфили адабию фарҳангии ба шарафи ин суханвари наҷиб оросташударо ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки Кароматулло Мирзоев натанаҳо фарзанди номбардори ноҳияи Рӯдакӣ, балки ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст.
Дар маҳфил намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, Вазорати фарҳанг, вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи амнияти миллӣ иштирок ва суханронӣ намуда «Дарди ишқ», «Дар орзуи падар», «Нишони зиндагӣ», «Марги бегуноҳ» , «Маоши аввалин», «Деҳаро хоб мебинам», «Нишони зиндагӣ» ва дигар асарҳои Кароматулло Мирзоевро намунаи олии насри тоҷик номиданд ва паёмҳои шодбошии роҳаброни ин ниҳодҳоро ба адиб расонданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар чунин сатҳ таҷлил гаштани ҷашни 75-солагии Кароматулло Мирзоевро як нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхории сарвари давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба адабиёт ва аҳли сухан номида, қайд кард, ки рисолати адиб тарғиби ғояҳои олии инсонӣ дар байни ҷомае мебошад ва Кароматулло Мирзоев ин рисолати хешро хеле муассир иҷро мекунад. Маҳаки асосии асарҳои ин нависандаи тавоноро мавзӯҳои ҷовидонии адабиёти тоҷик аз қабили ишқу муҳаббаи пок, эҳтироми падару модар, садоқату вафодорӣ нисбат ба Ватан, марзу бум ва ҳамдиёрон, пос доштани анъана ва расму оинҳои миллӣ ташкил менамояд. Дар асарҳои Кароматулло Мирзоев ҳодисаҳо дар дохили як оила сурат мегиранд, вале адиб тавонистааст дар мисоли тақдири ҳар як хонавода мушкилоти умдаи ҳаёти ҷомаеро ба миён гузошта, хонандаро ба сар ба ҷайби андеша кашидан водор созад.
«Барои нависандаи тавоно шудан танҳо истеъдоди модарзодӣ доштан кам аст, дар радифи ин адиб бояд дониши бисёр қавӣ дошта бошад. Кароматулло Мирзоев аз зумраи чунин адибони донишманд буда, анъана ва расму оинҳои миллиро хеле хуб медонад ва дар асарҳоияш хислату хӯйи тоҷиконаро бисёр равшану табиӣ тасвир месозад. Кароматулло Мирзоев нависандаи мардумӣ аст, чунки аз байни мардум баромада, дарду доғи ҳаёти мардумро ба қалам медиҳад, аз ҳамин хотир асарҳояш дар байни халқ маҳбубияти зиёд доранд» гуфт дар идомаи суханаш Раиси Иттифоқи нависадагони Тоҷикистон Низом Қосим.
Дар маҳфил чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик-Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самадов, Кароматулло Олимов, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло иштирок ва суханронӣ намуда, хотироти ширини худро қисса карданд. Аз ҷумла, шоири ширинкаломи тоҷик Камол Насрулло иқрор шуд, ки дар бисёр ҷойҳо мардум ӯро Кароматулло Мирзоев гумон карда, барои эҷоди асарҳои хотирмон изҳори сипос мекунанд ва тақдири минбаъдаи қаҳрамонҳои «Дар орзуи падар» ва «Дарди ишқ»-ро пурсон мешаванд.
Лозим ба ёдоварист, ки Кароматулло Мирзоев бо синамои тоҷик низ робитаи бисёр қавӣ дорад ва аз рйи асарҳои ин нависандаи тавоно шаш филми бадеъӣ ба навор огирифта шудааст. Аз ҳамин хотир ҳунармандони шинохтаи тоҷик-Дилбар Умарова, Муҳаммадҷон Шодиев, Саодат Азизова, Қурбони Собир ва Тағоймурод Розиқов ба табрики адиб омаданд, то пеши ин марди суханвар сари таъзим фуруд оварданд. «Ман дар саҳнаи театру кино садҳо нақш бозидаам, вале то имрӯз мардум маро дар кӯча бубинанд, бо ангушт ба якдигар нишон дода мегӯянд: «ана янгаи золими меҳрубон омада истодааст. Эй муре, шарм надошта туфличаҳоро аз пойи ҳамон кӯдак кашида гирифтӣ-а?!» бо табассум ба ҳозирин қисса кард Саодат Азизова, Тағоймурод Розиқов бошад «Дарди ишқ»-ро яке аз беҳтарин дастовардҳои синамои тоҷик дар замони шӯравӣ номида, таъкид кард, ки то имрӯз бо мақсади омӯзиш ин филм дар донишкадаҳои санъати Россия ҳамчун дарси амалӣ ба донишҷӯён намоиш дода мешавад.
Дар охир ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳияи Рудакӣ хотири аҳли адаб ва меҳмонони ба маҳфил ташрифовардаро бо суруду тарона, саҳнача ва рақсҳои ҷозибашон шод гардониданд.
Фирӯза Сатторӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ