Каронавирус: 940 нафар дар карантинҳои Тоҷикистон

940 нафаре, ки то ба имрӯз аз Чин ба Тоҷикистон баргаштаанд дар карантинҳо нигоҳ дошта мешаванд, хабар медиҳад Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии кишвар.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаҳо ва истироҳатгоҳҳои кишвар 940 нафар, аз ҷумла 102 зан, ки аз вилоятҳои мухталифи Чин ба Тоҷикистон омадаанд, дар карантин ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 62 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд.

Бино ба иттилои манба то ба имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи сироят ба каронавирус чӣ дар байни шаҳрвандони кишвар ва чӣ шаҳрвандони Чин, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба қайд гирифта нашудааст. 

Гуфта мешавад, ки то 12 феврали соли равон дар карантинҳои кишвар аз ҷумла шаҳри Душанбе 406 нафар, вилояти Суғд — 227 нафар, вилояти Хатлон — 52 нафар, ВМКБ — 29 нафар, шаҳри Ҳисор — 84 нафар (аз ҷумла 6 нафар шаҳрвандони Чин) ва дар лагери бачагонаи “Барқчиён” 70 нафар, ки 11 нафари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд зери назорат қарор доранд. 

Бино ба маълумоти расмии мақомоти Чин то субҳи рӯзи 12 феврали соли равон шумори фавтидагон аз коронавирус ба 1112 нафар расид. Аз ҷумла дар маркази густариши ин беморӣ вилояти Ҳубей шумори ҳалокшудагон 1068 нафар эълон гардид. То кунун 44 ҳазору 794 нафар (дар Чин 44330) чун сироятшудагон ба ин вирус сабти ном шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *