Каронавирус ё пневмония? Ба бемории ҷидди гирифтор шудани президент

Ташхисҳои собиқ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев баъди бад шудани вазъаш нишон дод, ки ӯ ба бемории пневмонияи дутарафа гирифтор шудааст, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ)  Қирғизистон.


Бино ба иттилои манбаъ сарвари пешини Қирғизистонро баъди ташхис, аз боздоштгоҳи пешакӣ ба беморхона интиқол додаанд.
Дар гузориш инчунин қайд шудааст, ки президенти маҳкумшударо фавран аз санҷиши коронавирус низ гузаронидаанд, аммо таҳлилҳо натиҷаи манфӣ додаанд.

Қайд карда мешавад, ки ду ҳафта пеш Отамбоев бо хешовандон ва адвокатҳо чандин бор мулоқот кардааст. Тибқи гузориши дафтари матбуоти КДАМ Қирғизистон, яке аз адвокатҳо нишонаҳои тангии нафас доштааст.

Бояд гуфт ки раҳбари пешини Қирғизистон барои ғайриқонунӣ озод кардани раҳбари ҷиноятпеша Азиз Батукаев ба 11 солу 2 моҳ аз озоди маҳкум шудааст. Ғайр аз он суд қарор баровард, ки мукофотҳои давлатӣ ва молу амвол  аз сиёсатмадори собиқ мусодира карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *