Картошка 15-22 сомонӣ. Ҷайбҳои холиву шикоф ва тасаллои мақомот

Имрӯз нархи картошка, ки ғизои дуюми ниёзи мардум аст, дар бозорҳои кишвар майли болоравӣ дорад. Дирӯз 1 кг картошка дар бозорҳои Душанбе 8-15 сомонӣ ва дар Маркази савдои “Ашан» ба 22 сомонӣ дакка хӯрд. Аммо бо ин ҳама мақомот  мардумро тасалло медиҳанд, ки нарх паст меравад. Кай? То холӣ шудани ҷайбу шикофи он? Захираҳои “Тоҷикматлубот” ва гӯшаҳои деҳқони он куҷо шуданд? 

Ғизои дуюм ҷойи якумро гирифт

Сокинони кишвар иддао  доранд, ки ҳоло нархи картошка майли болоравӣ дорад, аммо намедонанд мақомоти дахлдор ба куҷо менигаранду  нархҳоро дар бозорҳо танзим намоянд.

Суннатулло Маматқулов, як корбари шабакаи Фейсбук дар саҳифааш навишт: “Нархи картошка 8 сомонӣ шуд, оё ягон нафар чора мебинад?”. Дар зери навиштаи Маматқулов садҳо нафар шарҳу лайк гузошта, тасдиқ кардаанд, ки дар бозорҳои пойтахт, ноҳияҳои атрофи он ва ҳатто шаҳри Хуҷанд нархи картошка аз 7-8 сомонӣ ҳам убур кард. Сокинон мегӯянд, то ин ҳад боло рафтани нархи ин маҳсулоти серталаб имкони харидро ба ҳама намедиҳад. Зеро иддае аз пайвандонашон дар Русия давоми ин рӯзҳо бекоранду шароити  кору маблағ фиристоданро надоранд. Ҳоло мардум на танҳо аз нархи картошка, балки орд низ дубора гарон шуда, то ба 240 то 250 сомонӣ боло рафтааст, нигаронанд.

Захираҳои “Тоҷикматлубот” куҷо шуд?

Ахиран Дилшод Музаффарзода, муовини аввали сардори  Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, воридоти гандум аз хориҷ, ки метавонист мушкил эҷод кунад, ҳал шуд. Пас аз чанд рӯз ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бетаъсир нахоҳад монд. Аммо гуфтаи мақоми танзимкунандаи нарх як навъ тасаллои мардум аст.

 «Тоҷикматлубот» як ниҳоди таъминкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Аммо дар ин шабу рӯзе, ки қимати картошка ва дигар анвои хӯрданӣ боло меравад,  нақши ин сохтор эҳсос намешавад. Куҷо шуданд он ҳама захираҳои “Тоҷикматлубот”, ки дар назди бозорҳо гузошта шаванду ба коҳиши нарх таъсир расонанд? Ё ин сохтор ҳам монополия шуда, анборҳояш аз захираҳо холист? 

Талбак Худоёров, сардори шуъбаи бозорҳои Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  болоравии  нархи маҳсулот, махсусан ниёзи аввалро мавсимӣ медонад. «Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо нархи маводи мавриди ниёзи аввали ғизоӣ дар бозорҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, сабаби нигаронии мардум гардидааст. Баланд шудани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин мавсим маъмулӣ мебошад. Зеро дар ин шабу рӯз  ниёз ба маҳсулоти кишоварзӣ бештар мегардад. Масалан, ба картошка, ки яке аз маҳсулоти асосии хӯроквории мо ба шумор меравад”, мегӯяд номбурда. Аҷиб. Магар дар соли гузашта ҳам картошка ба 15 сомонӣ расид?

Мавсуф иброз намуд, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ин шабу рӯз аз минтақаҳои мамлакат, ки ҳосили кишти барвақтӣ ҷамъоварӣ менамоянд, маҳсулотро  дастрас намуда, пешкаши сокинони мамлакат гардонида истодааст. Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар бозори истеъмолӣ ва таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти тоза дар шаҳри Душанбе ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар бозори «Меҳргон» ярмаркаи доимоамалкунанда аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шудааст, ки сокинони мамлакат метавонанд маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро бо нархи арзон дастрас намоянд. Дуруст аст, ки  ташкил намудани ярмарка яке аз роҳҳои пешгирии болоравии нарх аз ҷониби соҳибкорон мебошад.

Ҳанноту муфтхӯр дар бозор. Мақомот куҷо менигарад?

Қурбоналӣ Партоев, доктори илмҳои кишоварзӣ дар пасманзари гарон шудани нархи картошка бар ин назар аст, ки ҳоло  кишвар дар таъмини ин навъи ғизо худкифоя нест. Ҳарчанд масъулини мақомоти шаҳру ноҳияҳо талош доранд, ки кишти картошкаро бештар намоянд.  Номбурда се мушкилоте  ном бурд, ки дар болоравии нархи имсолаи картошка бетаъсир нест. Якум, омори  кишту ҷамъоварии картошка, ки аз тарафи мақомот ба Ҳукумат пешниҳод мегардад, чандон саҳеҳ нест. Дуюм, имсол бинобар таъсири коронавирус марзҳо баста шуда, воридоти маҳсулот манъ шуд. Зеро қаблан ба Тоҷикистон аз Покистон картошка ворид мешуд ва пастравии нарх таъсир мерасонд. Аммо ҳоло чунин нест. Сеюм,   асосан аввали баҳор картошкаи водии Вахш ба бозор ворид мешуд. Аммо хунукии имсола ҳам бетаъсир набуд, ба бозор картошка кам даромада, бештар барои тухмӣ истифода нагардид. Тавре маълум минтақаи Вахш таъминкунандаи асосии бозори кишвар бо картошка аст.

Инчунин Қурбоналӣ Партоев мегўяд, ки имрӯз дар бозорҳои кишвар аз болои нарх назорат нест.  Сафи  ҳаннотону муфтхӯрон дар бозорҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар ин кор шояд масъулини бозор ҳам даст доранд. Танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қодиранд, ки миёнаравҳоро аз байн баранду назоратро аз болои нарх пурзӯр кунанд. Ба деҳқон имкон дода шавад, то ба бозор роҳ ёбаду маҳсулоташро бевосита фурӯшад. Гӯшаи деҳқон набояд, ки бо ном бошаду дар дохилаш фурӯшандаи мардумфиреб ва дар ғами ҷиғилдони худ! Президенти кишвар ҳам борҳо аз болоравии нархи маҳсулот  нигаронӣ намуда, сабаби болоравии нархро  бемасъулиятии роҳбарони бозор дониста  буд. Ҳатто аз бетаваҷҷуҳии роҳбарони бозорҳо ва роҳ ёфтани ҳаннотон, ки боиси гарон шудани нарх ҳастанд, аз мақомашон барканор шудаанд. 

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *