Картошка Сатториро аз мансаб маҳрум кард
Илҳом Сатторӣ, яке аз муовинони раиси шаҳри Панҷакент аз вазифааш барканор гардидааст. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, сабаби аз мансаб рафтани ҷаноби Сатторӣ, ин ба эҳтимоли ғолиб, аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи кишти картошка набаромадани хоҷагиҳои деҳқонии Панҷакент мебошад.
Илҳом Сатторӣ, ҳанӯз 3,5 сол қабл аз вазифаи роҳбари «КВД обтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент ба мансаби муовини раиси шаҳр расида буд. Инак пас аз 3,5 сол ӯро дубора ба вазифаи пешинааш, яъне роҳбари «КВДобтаъминкунӣ ва канализатсия”-и шаҳри Панҷакент баргардонданд. Маросими муаррифии ӯ дар идораи обу корез рӯзи 28 ноябр бо ширкати муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода сурат гирифт.
Илҳом Сатторӣ дар ҳукумати шаҳр то кунун соҳаи кишоварзии Панҷакентро сарпарастӣ мекард.
Дар Паҷакент, чанд соли охир «маъракаи кишти картошка” ба як фронти зарбдор табдил ёфта буд. Ба гуфтаи кишоварзон, кор то ҷое расида буд, ки роҳбарон маҷбур намуданд, ҳатто майдонҳои алафу гандум ва ҷавро вайрон карда, картошка кишт кунанд.
Ҳарчанд бархе аз деҳқонон ва кишоварзон мегӯянд, ки дар бештар минтақаҳои Панҷакент картошка ҳосили хуб намедиҳад ва кишту кори он барои деҳқонон фоидаовар нест, аммо бо ин вуҷуд сол то сол масоҳати кишти ин зироат меафзояд. Соли оянда низ бояд масоҳати кишти картошка то ба 5000 нектар расонида шавад, ки ба андешаи соҳибназарон, гумон аст, иҷро гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ