Касе аз ҷойи ҳодиса аксу навор мегирад, муҷозот мешавад
Вазири умури дохилии Тоҷикистон хост, онҳое, ки ба қавли ӯ бо гирифтани аксу навор барои рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш ва табиӣ, аз ҷумла сӯхтор ва сел халал мерасонанд, муҷозот шаванд. Рамазон Раҳимзода рӯзи 21-уми июл дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба унвони мисол аз сӯхтори ахир дар бозори «Корвон» ёдовар шуд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, «сӯхтори бузурги Корвон, ки дар натиҷаи саҳлангорӣ ва бемасъулиятии муҳофизони бозор ба вуҷуд омад, боиси боиси зарар дидани 160 нуқтаи савдо гардид. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ баъди гирифтани ахбор, сари вақт ба ҷои ҳодиса рафта ва сӯхторро дар муддати 3-4 соат пурра хомӯш карданд. Бисёр ташвишовар он буд, ки шаҳрвандони мо бисёр беҳуда ҷамъ шуда, расмгириву тамошо ва ба фаъолияти мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ хеле мамоният эҷод карданд.»
Рамазон Раҳимзода дар идома афзуд, «барои ҳамин, хоҳиш мекунам, инро ба мардум дуруст фаҳмонидан даркор, ки дар ин ҳолат мардум бояд мусоидат кунанд, на инки халал расонанд. Мутаассифона, лекин ҳамин ҳолат буд. Барои ҳамин, тасмим гирифтем, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунӣ пешниҳод кунем, ки шахсоне дар чунин ҳолат халал мерасонанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ