Касе, ки дар Донетск ва Луганск ба фаъолият мепардозад, дар ИМА ба ҳабс гирифта мешавад

Президенти Амрико Ҷо Байден ба зидди ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск таҳрим ҷорӣ кард. Фармони таҳрим дар сомонаи Кохи Сафед нашр шуд.

Бар асоси ин таҳрим, шаҳрвандони Амрико ҳақ надоранд дар иқтисоди Донестк ва Луганск сармоягузорӣ кунанд. Ба илова, воридоту содирот аз ҳудуди Донетску Луганск ба Амрико манъ шуд. Ҳамчунин, бар асоси ин фармон, ҳар касе, ки дар Донетск ва Луганск ба фаъолият мепардозад, шомили таҳримҳо мешавад.

Ҳамаи дороиҳои марбут ба афроде, ки ба Донетск ва Луганск алоқа доранд, дар Иёлоти Муттаҳида ба ҳабс гирифта мешаванд,- менигорад Радиои Озодӣ.

«Эътирофи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луганск аз сӯи Русия, ки қаламрави Украина ҳастанд, хилофи уҳдадориҳои Русия дар доираи созишномаи Минск аст ва (эътирофи ин ду ҷумҳурӣ) ба сулҳу устуворӣ ва истиқлолу ягонагии арзии Украина таҳдиди бештар ба бор меорад»,- омадааст дар фармон.

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи
доимии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи фаврии ин шӯро гуфт, «Путин созишномаи Минскро пора-пора кард». Вай ҳамзамон илова кард, ки Маскав даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои империяи Русияро дорад, ки 100 сол пеш, то замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд.

«Путин мехоҳад дунё ба гузашта, ба замоне баргардад, ки ҳанӯз Созмони Милали Муттаҳид мавҷуд набуд ва дунёро империяҳо идора мекарданд. Аммо дунё дигар пеш рафтааст. Ҳоло соли 1919 нест, балки соли 2022 аст»,- гуфт Томас-Гринфилд.

Владимир Путин шаби гузашта дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луганск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *