Касе,ки доғи судӣ дорад аз шаҳраки олимпӣ дур гардад

Пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон сокинонеро, ки доғи судӣ доранд, огоҳ кардааст, то дар наздикии шаҳраки олимпӣ ва кӯчаҳои протоколӣ гашту гузор накунанд.
Ҳамчунин сокинони дорои доғи судиро ба идораи пулис даъват ва аз тарзи зиндагиашон пурсуҷӯ мекунанд.

Як сокини 52-солаи Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, баъди бозпурсӣ дар пулис ӯро аз гашту гузор дар наздикии шаҳраки олимпӣ ва кӯчаҳои протоколӣ манъ карданд. «Гуфтанд, ки дар маконҳои баргузории бозиҳо ҳозир нашавам. Гуфтанд, ба ту эътимод нест, агар дар назди шаҳраки олимпӣ ҷинояте содир шавад, аввал аз ту мепурсем», -гуфтааст вай

Тибқи таҳқиқоти байналхалқӣ, Туркманистон вобаста ба саршумори аҳолиаш, теъдоди зиёдтарини зиндониёнро дорад. Дар гузоришҳои созмонҳои байналхалқӣ зикр шудааст, ки соли 2016 Туркманистон дар раддабандии теъдоди зиндониён мақоми дувумро касб карда буд. Хабар дода мешавад, ки дар ин кишвар аз ҳар 10 ҳазор сокин 583 нафар зиндонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *