Касе симкорташро ба дигаре диҳад ба ҷавобгарӣ кашида мешавад
2-юми майи соли 2017, ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои ба танзим даровардани симкортҳои мобилӣ, азнавбақайдгирии онҳо ва бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (шиноснома) тартиби ба фурӯш баровардани симкортҳо баррасӣ гардид.
Ҳамзамон, чунин қарор қабул карда шуд, ки барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои мобилӣ, истифодаи он аз тарафи шахси дигар ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда ва ҳангоми симкортҳоро барои истифода ба шахсони ҷинояткор додан, чунин шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Чунин лоиҳаи Қонунҳо рӯзҳои наздиктарин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ