Кашфи боз 15 кони нави металлҳои нодир дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон 15 кони нави металлҳои нодир, аз ҷумла литий кашф шудааст.
Ба гуфтаи Мухтор Фозилзода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, барои иқтисодиёти мамлакати мо ин захираҳо аҳамияти калон доранд. Ин конҳо дар манотиқи шарқии кишвар, ки бо шароити душвори табиии худ маъруфанд, кашф шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории «Спутник» иттилоъ додааст.
«Конҳо дар ҷойҳои дорои фаъолияти баланди геологӣ мутамарказ шудаанд ва дар натиҷаи кори мутахассисони ватанӣ мо тавонистем захираҳои зиёди металлҳои нодир, аз ҷумла литийро, ки барои соҳаҳои марбут ба батареяҳо ва дигар технологияҳои баландсифат муҳим аст, муайян кунем», -гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки аз 118 элементи ҷадвали даврӣ дар қаъри Тоҷикистон беш аз 70-тоаш муайяну 45-тоаш кашф шудаанд, аммо то ҳол 30 элемент истихроҷ ва истифода мешаванд.
«Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи нуқра, бор, сурма, симоб, намаки сангӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ва дигар маъданҳои фоиданок яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон мебошад», — гуфт Мухтор Фозилзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ