Кашфи маҳаллаи қадимаи ҳунармандӣ дар Ҳулбук
Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон маҳаллаи ҳунармандӣ бо дуконҳои он бозёфт гардиданд.
Ба иттилои сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз аввалинҳо буда, тибқи он бояд тарҳи шаҳри асримиёнагӣ пурра муайян карда шавад. “Баъди аввалин корҳои таҳқиқотӣ муайян гардид, ки дар қисмати шимолу шарқии шаҳристон маҳаллаи ҳунармандӣ бо дуконҳо, хумдонҳои шишапазӣ, коркарди маснуоти филизӣ ва симобкӯзапазӣ бо боқимондаҳои маҳсулоти нимтайёр бо риояи тамоми талаботи санитарӣ ва таъмини об ҷойгир гардидаанд, ки дар оянда боз ҳам омӯзиш мукаммалро талаб менамояд”, — иброз доштааст Шералӣ Хоҷаев.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ