Кашфиёти нави саратоншиносони Ӯзбекистон

Ӯзбекистон дар соли оянда доруи наверо истеҳсол хоҳад кард, ки бо он мешавад тамоми навъи бемории саратонро табобат кард.


Дар ин бора расонаи Podrobno.uz бо истинод ба Рустам Нуриддинов, мудири кулли корхонаи муштараки Ӯзбекистону Латвия «Rigard Farmsintez» иттилоъ додааст.

«Кашфиёти мо барои табобати саратон дар дунё бесобиқа аст. Ин дору имконт медиҳад, ки фоизи расонидани моддаҳои фаъол ба ҳуҷайраҳои саратонро аз 3-5% то 95% боло бурд. Яъне, метавонем бигӯем, ки мушкил ҳал шуд», — гуфтааст Нуриддинов.

Ба гуфтаи вай, баъди истифодаи доруи мазкур дигар ниёзе барои дармони кимиёвӣ намемонад.

«Бемор доруро дар шакли капсул истеъмол мекунад. Яъне саратон монанди зӯком табобат мешавад», — изофа кардааст Нуриддинов. Ӯ мегӯяд, натиҷаҳои озмоиши клиникӣ муҳлати табобатро муайян хоҳанд кард.

Як гуруҳ аз донишмандони Канада, Латвия ва Ӯзбекистон барои ихтирои ин дору тайи чанд соли ахир дар Швейтсария пажуҳиш мегузарониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *