Кашфиёти олимони тоҷик зидди коронавирус ба Ҳукумат пешниҳод шуд (навор)
Як гурӯҳ олимони тоҷик таҳти роҳбарии Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз коронавирус дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохтаанд.
Тавассути он истеҳсоли оби нуқраро, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ мемонанд. Он барои тадбиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат ба хабарнигори сомонаи Pressa.tj иброз дошт, оби нуқра аз қадимулайём маълуму машҳур аст, ки ин хосияти зиддимикробиву вирусӣ дорад. Айни замон ниқобҳое, ки мардум истифода мебаранд, ҳамагӣ дар 2-3 соат пешбинӣ шуда, микробу вирусҳоро ҳифз карда наметавонанд. “Чангу гарде, ки нафас мекашед, микробҳои калонаш аз зичии матоъ намегузарад, вале вирусҳо чун андозаашон хурд аст, аз он ҳам мегузарад. Ниқобҳое, ки ҳозир истифода мебарем, агар онро дар оби нуқра тар карда, баъд хушк намоем, обаш бухор мешавад ва нуқра дар ниқоб меистад. Он наназарраҳои нуқрае, ки дар ниқоб аст, аввалин хосияташ он аст, ки вирусро ба худ мекашад ва имкони ба дохил ворид шуданро намедиҳад ва дар муддати кӯтоҳ вирусро нобуд месозад”, -гуфт Раҳимӣ.
Ба гуфтаи академик Раҳимӣ, он ниқобҳое, ки сохта мешаванд, бояд аз се қабат иборат бошанд. Қабати байнӣ матоъи пахтагин буда, дар оби нуқра тар карда шавад. Баъдан ниқоб омода гардад. Дар ин ҳол ниқоб хусусияти зиддимикробиву вирусиро доро мегардад. “Мо метавонем дар як рӯз то 200 литр оби нуқра омода созем ва дар он то 20 -30 ҳазор ниқоб тар карда мешавад”, — иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Ниқобҳое, ки айни замон одамон истифода мекунанд на зиёд аз ду соат истифода кард. Он ниқобҳое, ки дар оби нуқра тар карда шудаанд, имкони то се рӯз ифтифодабариро дорад, барои он ки наназарраҳои нуқра то се рӯз боқӣ мемонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ