Каутиниоро бибияш футболбоз кард
Филипе Каутинио Коррея 12-уми июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар оилаи муҳандис Хосе Карлос Корреа модар Эсмеларда Каутинио ба дунё омадааст.
ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Филипе Каутинио Коррея 12-уми июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар оилаи муҳандис Хосе Карлос Корреа модар Эсмеларда Каутинио ба дунё омадааст. Ӯ дар оила фарзанди сеюм буда, ду бародари аз худ бузург бо номҳои Криштиан ва Леандро дорад. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ маҳорати футболбозии Каутинио аз ҳамсолон ва ҳатто аз бародарони худ, ки бузургтар аз ӯ буданд, хубтару беҳтар буд.
Маҳорати хуби тӯбронии Каутиноро бибияш мушоҳида намуда, ба қароре меояд, ки ӯро бояд ба ягон Академияи футболи наврасон ҷалб намояд. Ҳамин тавр, бибияш Каутинои хурдсолро ба Академияи футболи “Васко да Гама” мебарад ва ин футболбози бомаҳорати сайёра кариераи футболбозии худро маҳз аз ҳамин клуб оғоз мекунад.
ДАСТАИ ОРЗУҲО
“ВАСКО ДА ГАМА”
Дар тими ҷавонони ин даста Каутинио худро хело хубу хушбахт эҳсос мекард. Ӯ дар ин даста ду сол бозӣ карда, аллакай маҳорату малакаи ин наврас ҳайати мураббиёни дастаи мунтахабро маҷбур сохт, ки ӯро ба ҳайати наврасони то 15 — сола даъват намоянд. Ин бозингари бомаҳорат дар 15-16 — солагӣ диққати абардастаҳоро низ ба худ ҷалб намуда буд.
Ба ҳамин хотир, моҳи июни соли 2008 ӯро дастаи итолиявии “Интер” бо маблағи 3,8 млн. эвро харидорӣ намуд. Ба наврасии Каутинио нигоҳ накарда, ҳайати мураббиён ӯро ҳамеша дар ҳайати асосии даста ҷой медоданд ва малакаву маҳорати Филиппе рӯз ба рӯз дар ин дастаи итолиявӣ сайқал меёфт ва ҳамин тавр дар андак муддат ӯ ҳамчун бозингари асосии “Интер” шинохта шуд.
Каутинио соли 2013 баъд аз 4 соли фаъолият дар “Интер” ба дастаи испании “Испаниол” гузариш намуд, вале худро дар ин даста хуб мутобиқ карда натавонист. Каутинио дар “Испаниол” танҳо як мавсим бозӣ карду халос ва танҳо 16 маротиба ба майдон баромада, 5 голро самти номи хеш кардаасту халос.
ЛИВЕРПУЛ
Дастае, ки бозингари Бразилия ба авҷи шуҳрати хеш расид, маҳз ҳамин дастаи “Ливерпул”-и Англия ба ҳисоб меравад. Каутинио 30-юми январи соли 2013 бо арзиши 8,5 млн. фунт шомили тими ин дастаи абарқудрати англисӣ гардида, беҳтарин мавсимҳоро паси сар намудааст. Аз он ҷумла солҳои 2014-2015 солҳои аз ҳама бобарори ин бозингар ба ҳисоб мерафтанд.
Соли 2014 баъди голи пирӯзиоварро вориди дарвозаи “Сток Сити” намудан, ӯро беҳтарин нишонзани бразилӣ дар тамоми таърихи футболи Англия эътироф намуданд. Соли 2015 баъди пирӯзии “Ливерпул” муқобили “Манчестер Сити” бо ҳисоби 3:2 Филиппиро ҳамдастагон ва мураббии “Шоҳи сурхпӯшон” унвон доданд, ки ин аз бозингари асосӣ ва калидӣ будани ӯ дар ин даста шаҳодат медод. Каутинио дар ҳайати дастаи англисии “Ливерпул” 152 маротиба ба майдон баромада, 41 голро тасмими дарвозаи рақиб гардонидааст, ки ин беҳтарин натиҷаи футболбоз ба ҳисоб меравад.
БАРСЕЛОНА
Соли 2017 яке аз трансферҳои асосии Барселлона харидорӣ намудани Филиппе Каутино ба ҳисоб мерафт. Дастаи каталонӣ барои анҷоми гузариши ҳамлавари бразилӣ 106 млн. фунт ба буҷаи дастаи англисии “Ливерпул” пардохт намуд. То соли 2017 баъд аз Наймар Ҷуниор маҳз Каутинио гаронарзиштарин ҳамлагар дар таърихи футбол шинохта мешавад.
Филиппе бо ин дастаи каталонӣ шартномаи панҷсола ба имзо расонд ва маоши яксолаи ӯ 14 млн. евро муқаррар гардида буд. Ӯ дар оғози гузариш таҳти рақами 14 бозӣ мекард, ки таҳти ин рақам қабл аз Каутинио бозингари бомаҳорати аргентинӣ ҳимоятгар Хавер Маскерано бозӣ мекард. Аммо бо сабаби пайдо накардани мавқеи дуруст дар майдон Филиппе натавонист худро дар ин дастаи бузурги сайёра ба таври дилхоҳ нишон диҳад. Ӯ дар дастаи каталонӣ 52 маротиба андар майдон рақобат гашта, танҳо 13 голро ба самар расонидааст.
ҲАЁТИ ШАХСӢ
Ҳанӯз дар “Васко да ГамА” фаъолият намуданаш бо гулдухтари зебо бо номи Айна шинос мешавад ва ин шиносоӣ ба ишқу муҳаббат табдил мегардад. Каутинио дар ҳаждаҳсолагӣ вақте ки ба дастаи “Интер” гузариш мекунад, аҳли оилаи футболбоз низ ба қароре меоянд, ки бояд ҳамроҳи фарзандашон ба Италия сафар кунанд. Дар қатори аҳлу оила дӯтсдоштаи Каутино ҳам ба ин шаҳр меояд ва соли 2012 онҳо бо ҳам хонадор мешаванд.
Ҳоло Каутинио ва Айна соҳиби ду фарзанд бо номи Филипп ва духтарчае бо номи Мария мебошанд. Каутинио дар саҳифаи “Твиттер”-аш зери расме, ки бо ҳамсараш гирифтааст, чунин шарҳ додааст: “Ӯ бисёр ҳалиму меҳрубон аст, нисбати зиндагӣ, нисбати фарзандон ва нисбати ман, муҳимаш ҳамин, ки вай дар ҳеҷ бозӣ маро танҳо намегӯзорад”.
Шурӯъ аз 19-уми августи соли равон Филиппе Каутинио бо арзиши 120 млн. евро ба дастаи “Бавария” –и Олмон гузариш намуд ва дар ҳоли ҳозир фаъолияти футболбозии худро дар ин даста идома дода истодааст.
Таҳияи Яҳё Маҳмаднабиев
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ