Кай мемурӣ, ки халос шавем, ака?!

Ту маро куштӣ, ака! Кош Худованд туро фарзанди падарам намекард. Сад афсӯс, ки офаридгор туро ҳамхуну ҳамнасаби ман гардонидааст.

Аз ту гилаҳои зиёд дорам, ака. Тамоми орзуву ҳавасҳои ҳоҳаронатро ба хоки сияҳ яксон намудӣ. Дар ҳама корамон ба қавли мардуми рус «помех» шуда, нагузоштӣ, ки одам барин зиндагӣ кунем. Агар падар медоштем, шояд тарафамонро мегирифту аз дасти ту ҷабру ситами бисёр намекашидем, вале… аз бепадариамон истифода бурда, ҳаёти моро ба дӯзах табдил додӣ. Дигар бародарон барои хоҳаронашон пушту паноҳ ҳастанд, ту бошӣ, баръакс балои ҷони мо гаштӣ. Бо ту на дар сари дастархон осуда нишаста метавонему на дар ҷойи дигар. Мор барин фақат моро неш зада меистӣ. Аз забонат ба ҷуз дашному ҳақорат дигар ҳарфе шунида намешавад. Дар фалону беҳмадонатон гуфта ҳақорат мекунӣ, ҳар чӯбу санги аз пешат баромадаро ба сарамон ҳаво медиҳӣ, моро бе ягон гуноҳ мурдакӯб мекунӣ. Ака, охир то кай мо бо чашмони сиёҳу сару рӯйи кафида мегардем-а? Аз дасти ту ба дод омадаем, агар ин қадар аз мо безор бошӣ, беҳтараш кушта парто, ки ҳам ҷони ту халос шаваду ҳам ҷони моён. Ҷабру ситаме, ки ту ба мо карда истодаӣ, ягон душмани қаттол намекунад. Сарамонро кал кардӣ, бо белу бо табар задӣ, наход то ҳол дилат хунук нашуда бошад? Бечора модарам аз дасти ту рӯз надорад, ҳамеша чашмонаш пур аз оби дида сархаму малул мегардад. Кай мемурӣ, ки аз ту халос шавад?!

Дилфуза ва хоҳаронаш Нозияву Ҷонона.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *