Кая Каллас: Дарҳоро ба рӯйи русҳо бандед!
— Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд вуруди русиягиҳоро манъ кунанд,- гуфт сарвазири Эстония Кая Каллас.
«Аз додани раводиди сайёҳӣ ба русиягиҳо даст кашед. Боздид аз Аврупо як имтиёз аст, на ҳуқуқи инсон»,- навиштааст ӯ дар Twitter.
Сиёсатмадор тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди баста шудани иртиботи ҳавоӣ бо Русия, кишварҳои минтақа раводиди Шенген медиҳанд, ки ба ақидаи ӯ, ба давлатҳои ҳамсояи Русия зарар мерасонад.
«Ҳоло вақти он расидааст, ки туризм аз Русияро қатъ кунем»,- навиштааст сарвазири Эстония.
Қаблан Урмас Рейнсалу, вазири умури хориҷии Эстония пешниҳод карда буд, ки ба бастаи навбатии таҳримҳо алайҳи Русия манъи додани раводиди вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо барои русиягиҳо ворид карда шавад. Вазир қайд кард, ки Эстония додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Русияро қатъ кардааст, аммо онҳо бо раводидҳои дар дигар кишварҳои минтақаи Шенген гирифташуда вориди кишвар мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ