Казакови зархарид 12 сол зиндонӣ шуд

Суди шаҳри Турсунзода сокини ин минтақа Казаков Саъдулло Муродиллоевичро бо ҷурми зархаридӣ ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Саъдулло Казаков 22 феврали соли ҷорӣ ба падару бародар ва падарарӯсаш забонхат навишта, ба хотири пайвастан ба созмони ДОИШ роҳии Сурия шудааст, вале ӯро мақомоти Туркия дар шаҳри Истанбул дастгир карда, рӯзи 9 март ба Тоҷикистон супоридаанд.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи Прокуратураи генералӣ , Казаков Саъдулло Муродиллоевич моҳи феврали соли 2018 тавассути шабакаи иҷтимоӣ «Ютуб» ба сайта «Муҳоҷир», ки ба намояндагони ташкилоти террористӣ- экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» тааллук дошт, ворид шуда, ба ғояҳои ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинос шуда, онҳоро кабул ва ҷонибдорӣ карда, дидаю дониста, ки иштирок, даъват ва бурдани корҳои таблиғотӣ ба ташкилоти террориста-экстремиста ба ном «Давлати исломӣ» хилофи қонун мебошад, амал намуда, бо дастури аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террориста иштирок намуданро кардааст.

Бо ин мақсад, Казаков С.М. 22 феврали соли 2018 ба падараш Казаков Муродилло, бародараш Казаков Муҳаммадҷон ва падарарусаш Ханҷаров Зокир дастхат нависонда дар он қайд намудааст, ки ӯ бо мақсади ҷиҳод ба давлати «Шом» сафар карда, хоҳиш кардааст, ки ӯро накобанд, фарзандонашро нигоҳубин намуда, қарзхояшро диҳанд.

Сипас, бо мақсади амали намудани нақшаҳои ҷинояткоронаи худ, 23 феврали соли 2018, бо роҳбаладии намояндаи ташкилоти террористӣ- экстремистӣ ба ном «Давлати исломӣ» бо номи «Абу- Марям» ба воситаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самти Душанбе-Истамбул ба Ҷумҳурии Туркия, рафта дар меҳмонхонаи «Вербас» маскан гирифта, мунтазири дастурҳои иловагии аъзоёни гурӯҳи террористӣ ба ном «Давлати исломӣ» шудааст. Новобаста аз оне, ки аъзоёни гурӯҳи террористӣ оиди дар меҳмонхонаи «Вербас»-и шаҳри Истамбул қарор доштани ӯ огаҳӣ доштанд, вале бо сабабҳои номаълум сари вақт барои ӯро ба Ҷумҳурии Сурияи Араб равон кардан наомаданд.

Дар ҳолате, ки аъзоёни гурӯҳи террористӣ- экстремистии ба ном «Давлати исломӣ» дар вақти муайян шуда, ба меҳмонхонаи «Вербас»-и шаҳри Истамбул меомаданд, ӯ ба Ҷумҳурии Сурияи Араб барои иштирок намудан дар амалиёгҳои ҷангӣ дар сафи гурӯҳҳои террористӣ мерафтааст.

Вале, 27 феврали соли 2018 ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ- оперативӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия, Казаков С.М. аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия дастгир карда шуда, аз ҳолатҳои ба ӯ вобаста набуда, ба мақсадҳои ниҳоии худ нарасида, ӯро санаи 9 марти соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кардаанд.

Нисбати Казаков Саъдулло Муродиллоевич, 7 феврали соли 2018 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Турсунзода бо моддаҳои 32 қисми 3, 4011(барои иштирок дар ҷангҳои ҳудуди дигар давлатҳо) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда баъди гузаронидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

Бо хукми суди шахри Турсунзода аз 18 майи соли 2018 нисбати Казаков С.М. ба муҳлати 12 сол бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш сахт дазо таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *