КДАМ чораҳои амниятиро дар сарҳад пурзӯр мекунад

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз шадид шудани чораҳои амниятӣ дар минтақаҳои сарҳадии кишвар хабар медиҳад. Дар ин бора изҳороти ин ниҳод дар АМИТ “Ховар” рӯзи 17-уми май нашр шуд.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷиву шахсони бешаҳрванд мерасонад, ки  “воридшавӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ ва даромаду баромад”-ро зери назорати ҷиддӣ мегирад.

Ин ниҳод сабаби чунин тасмимро “ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон” гуфтааст.

“Тамоюли рӯ ба мураккаби вазъияти минтақа ва ҷаҳон, талошҳои ташкилоти террористию экстремистӣ баҳри убури ғайриқонунии сарҳадҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани актҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад”,- омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ин ниҳод аз моддаи 19-уми қонун дар бораи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки “постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро ба минтақаҳои сарҳадӣ зери назорати ҷиддӣ мегиранд”.

Неруҳои марзбонии кишвар аз шаҳрвандону меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки “ҳангоми сафар ба минтақаҳои сарҳадии ВМКБ ва вилояти Хатлон бо худ шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд”.

“Воридшавӣ ба минтақаҳои номбурда бе риояи чунин талабот иҷозат дода намешавад”,- гуфтааст ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин чораҳо аз кай амалӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *