Келин аз Ӯзбекистон: Дар 9 моҳ 158 духтари ӯзбек шавҳари тоҷик кардаанд
Духтарони ӯзбек пас аз шаҳрвандони Туркияву Русия бештар аз ҳама ба ҷавонони тоҷик ба шавҳар баромадаанд.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар САҲШ-и ин кишвар маҷмӯан 1031 никоҳ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла:
37 ҳолати издивоҷи шаҳрвандони хориҷӣ;
561 ҳолати издивоҷи духтарони ӯзбек бо шаҳрванди хориҷӣ;
433 ҳолати издивоҷи ҷавонони ӯзбек бо шаҳрванди хориҷӣ.
Дар рӯйхати давлатҳое, ки духтарони ӯзбек бо шаҳрвандони он издивоҷ кардаанд, Туркия дар мақоми аввал аст. 257 нафар духтари ӯзбек бо шаҳрвандони Туркия издивоҷ кардаанд. Дар мақоми дуюм Русия бо 207 издивоҷ ва дар мақоми сеюм Тоҷикистон бо 158 издивоҷ қарор доранд.
Ҳамин тавр, дар рӯйхати давлатҳое, ки ҷавонони ӯзбек бо шаҳрвандони он издивоҷ кардаанд, Русия бо 208 иҷдивоҷ дар мақоми аввал, Тоҷикистон бо 187 нафар дар мақоми дуюм ва Қазоқистон бо 132 издивоҷ дар мақоми сеюм қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ