Келини дузд 40 ҳазор сомониро гирифт

Тавре Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар додааст , командони ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур Мирзоев И. оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулияш, як нафар зан, сокини ноҳияи мазкурро дастгир намуданд.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шуд, ки Ноилаи Тағоймуроди 22-сола, келини хонадон, дар ҷинояти дуздии маблағҳои пулӣ ба миқдори 40 000 сомонӣ аз хонаи падаршавҳараш даст дорад.
“Гумонбаршаванда аз фурсати ба худ муносиб, аз набудани хусуру хушдоманаш истифода намуда, вориди манзили истиқоматии онҳо мегардад ва аз дохили сандуқчаи чӯбин, дар се маврид 40 000 сомонии пасандози оиларо тасарруф менамояд”,-афзудааст, манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, номбурда маблағҳои тасарруфнамудаашро ба манфиати шахсияш сарф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба Мирзоев И. зарари ҷиддӣ расонидааст.
Гуфта мешавад, дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гумонбар, сокини ҷамоати деҳоти «Озодагон», бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад..
Ёдовар мешавем, ин дуввумин ҳодисаи ғорати падаршавҳар аз ҷониби келин аст, ки ВКД давоми якуним моҳи ахир хабар медиҳад.
Қаблан, мақомоти пулиси шаҳри Кӯлоб Абдуллоева Мусаллама Қиёмиддиновнаи 21-соларо боздошт карда буданд, ки дар дуздии 60 ҳазор доллаи падарарусаш муттаҳам мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *