Келини мулло шуда, ба дӯзах афтидам
Модари бечораам аз зарби мушту лагади падари майхораам доим дар ба дари беморхонаҳо мегашт. Падарам на хотири фарзандро мекарду на хотири оилаашро, арақ хӯрда меомаду модарамро бе ягон гуноҳ мурданивор мезад. Касе пеши роҳи ӯро гирифта наметавонист.
Қади бародаронам ба қади падарам баробар шуда бошад ҳам, онҳоро дашному ҳақорат дода бо таёқ зада аз ҳавлӣ берун мекард, агар тарафи модарамро бигиранд. Бечора бародаронам аз тарси падари золим аксар вақт шабҳоро дар хонаи тағоҳоям саҳар мекарданд. Модарам шавҳари бадмасташро сафед карда мегуфт, ки падарат аз болои дарахти чормағз афтида, сактаи майна гирифта буд, барои ҳамин сахт асабонӣ аст, худашро идора карда наметавонад. Азобҳои модари зорамро дида, дилам аз ҷинси мард хунук шуд ва қарор додам, ки ҳеҷ гоҳ шавҳар намекунам. Вақте ки хостгори аввалинро рад кардам, падарам маро чунон сахт зад, ки қариб мурда будам. «Лаънатӣ, ту ягон ошиқ дорӣ» гӯён, бо шатта ба тамоми аъзои баданам мезад, фикр намекард, ки ҷигар ё ягон узви дигарам кафида мурда монданам мумкин аст. Ҳамсояҳо базӯр мани ниммурдаро аз чанголи падари золимам халос карданд. Баъди ҳамон ҳодиса чашмам сахт тарсида, ихтиёрро ба дасти падарам додам. Ба тақдири мани бадбахт писари мулло Юсуф талабгорам шуду падарам дар аввалин бори ба хостгорӣ омаданашон розигӣ дод, ҳарчанд хуб медонист, ки бачаи мулло аллакай аз як зан ҷудо шудааст. Гирёну нолон бо се курта арӯс шуда ба хонаи мулло омадам. Азоби хонаи падарам кам буд, ки худованд маро ба ин ҷаҳаннам партофт. Занҳои ин хона на ҳаққи телевизор тамошо кардан доштаанду на ҳуқуқи аз дарвоза ба берун нигаристан, мисли зиндониён умр ба сар мебурдаанд. Мабодо ба хона мард ё ягон писарча дарояд, занҳо бояд дар ошхона пинҳон мешудаанд. Дарди диламро ба модарам гуфтам, ба ҷойи ягон маслиҳати дуруст додан: «духтарам, тақдират ҳамин будааст, дигар чӣ ҳам мекардӣ, тоқат кун» гуфту монд. Ба хотири модарам сабр кардам, вале неши забони хусуру мушту лагади шавҳар оқибат косаи сабрамро лабрез намуд. Маро ба хонаи падарам рафтан намемонданд, нону обро қулф карда намегузоштанд, ки чизи дилхоҳамро хӯрам. Зани якуми шавҳарам маҳз аз рӯйи ҳамин кирдорашон хонаи муллоро тарк карда будааст. Мане, ки рўзи дароз дар таги телевизор менишастам, имрўз аз ҳама чиз маҳрум мондаам, ҳатто телефонамро аз дастам гирифтанд. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Талоқамро талаб кунам, падарам маро ба хонааш роҳ намедиҳад, тоқат кунам гӯям, ҷонам дар ин зиндон ба лабам расида, дигар сабру тоқатам намондааст. Ман ҳанӯз ҷавонам, дар дилам орзую ҳавасҳои зиёде дорам, охир то ба кай сари кафида зери тоқӣ гуфта шинам?
Роҳила, хонандаи сомона
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ