Керри киро дусти худ месибодад?
Ҳафтаи равон вазирони корҳои хориҷаи Осиёи Марказӣ ва ИМА мушкилиҳои минтақаро дар Вашингтон баррасӣ хоҳанд кард. Дар нишасти навбатии гурӯҳи “5 + 1”, Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Амрико ва вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард. Даниэл Розенблум, ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ рӯзи 28 июл ба хабарнигорон гуфт: “Дар ин нишаст, агар вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ба мувофиқа оянд, оғози 5 тарҳи муштарак эълон хоҳад шуд».
Розенблум афзуд, ки “ҳадафи гурӯҳи “5 + 1” андешидани чораҳо алайҳи хатарҳоест, ки минтақаро таҳдид мекунад: «Дар нишасти Самарқанд тавофуқ шуд, ки дар чор бахш – иқтисод, тағйирёбии иқлим, амният ва ҳуқуқи башар фаъолият хоҳем кард. Гурӯҳи корӣ низ ташкил шуд ва аллакай дар Бишкек ва Алмаато бо ҳам мулоқот карданд. Ҳамакнун, дар нишасти 3-юми август дар Вашингтон онҳо 6 тарҳи муштаракро пешниҳод мекунанд. Агар раҳбарони ҳайатҳо розӣ бошанд, мо ҳатман ҷузъиёти ин тарҳҳоро эълон мекунем”.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Розенблум, нишасти гурӯҳи “5 + 1”, ки барои аввалин бор дар Вашингтон доир мешавад, мулоқот бо тоҷирону намояндагони бахши хусусиро дарбар мегирад ва осори фарҳангии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба намоиш гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли гузашта, дар шаҳри Самарқанд Ҷон Керрӣ бори аввал бо вазирони умури хориҷии ҳамаи панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯ карда буд.
Нуқтаи меҳварии ин сафар нишасти Самарқанд дар формати нави “С 5+1” буд, ки вазирони хориҷаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли гузашта дар Ню-Йорк таъсис доданд.
Дар эъломияи ниҳоии ин нишаст тавофуқи вазирон ба ҳалли масоили доғи минтақа –аз беҳбуди ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масоили энержӣ, тиҷорат ва транзити молу коло, то чолишҳои муҳити зисту амниятӣ, аз мубориза бо терроризму кумак ба пешрафти Афғонистон то ҳимояти ҳуқуқи башар ва тақвияти ниҳодҳои демокративу ҷомиаи шаҳрвандӣ зикр шудаанд.
.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ