Кевин Систром ва Майк Кригер аз Instagram мераванд

Бунёдгузорони Instagram Кевин Систром ва Майк Кригер эълон карданд, ки аз ширкат мераванд. Ин тасмим дар ҳолест, ки аз бад шудани равобити онҳо бо раҳбари Фейсбук Марк Сукерберг хабарҳо пахш мешавад. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 25-уми сентябр гузориш дод.

Фейсбук хадамоти Instagram-ро соли 2012 ба қиммати 1 миллиард доллар харид. Аз он замон Кевин Систром ва Майк Кригер дар мақоми мудири кулл ва мутахассиси аршади фаннӣ фъаолият мекарданд.

Мудири кулл Систром ба Фейсбук барои ҳамкорӣ изҳори сипос кард ва гуфт, ки акнун ӯ ва ҳамкораш ба тарҳҳои нави эҷодӣ машғул хоҳанд шуд. Сукерберг дар навбати худ гуфт, дар тӯли шаш соли ахир «аз онҳо бисёр чиз омӯхт».

Систром ва Кригер Instagram-ро соли 2010 ҳамчун аплекейшени табодули аксу видео, бо аломатҳои шабакаи иҷтимоӣ, таъсис доданд.

Чанд моҳ пеш Ян Кум — яке аз бунёдгузорони WhatsApp, ки онҳоро Фейсбук соли 2014 харид, аз мақомаш истеъфо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *