Киҳо Ҷоизаи Нобелро гирифтанд?

Ҷоизи Нобел дар бахши кимиё дар соли 2021 насиби Бинёмин Лист ва Дэвид Макмиллан гардид.

Дар ҳоли ҳозир Бинёмин Лист дар Пажуҳишгоҳи Макс Планк дар риштаи таҳқиқи ангиштсанг дар Олмон ва Дэвид Макмиллан дар Донишгоҳи Принстони ИМА фаъолият доранд.

Гуфта мешавад, ки ҳафтаи Нобел ду рӯзи қабл оғоз шуд. Тибқи анъана, нахуст барандаҳои ҷоиза дар бахши физиология ва тиб эълон шуданд, ки соли равон Дэвид Джулиус ва Ардем Патапутян мебошанд. Онҳо ба таҳқиқи он машғул буданд, ки чӣ гуна организмҳои зинда ҳароратро эҳсос мекунанд. 5 октябр Сюкуро Манабе, Клаус Хасселман ва Ҷорҷио Паризи ғолибони бахши физика эълон шуданд, ки имкони инсониятро дар бахши низомҳои мураккаб васеъ намуданд.

Тибқи иттилои мавҷуда, дар маҷмуъ шаш ҷоиза мавҷуд аст, ки то ҳол ғолибон дар бахши тиб, физика ва кимиё эълон шуданд. Барандаҳо дар бахши адабиёт 7 октябр, барои барқарории сулҳ дар ҷаҳон 8 октябр ва бахши иқтисод 11 октябр муаррифӣ мегарданд. Ҷоиза ба номи бунёдгузораш Алфред Нобел номгузорӣ шудааст. Соли равон маблағи ҷоиза ҳудуди 1,2 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Ҷоизаи Нобелро дар бахши кимиё Эммануэл Шарпанте ва Ҷеннифер Дудна барои коркарди усули таҳрири геном соҳиб шуда буданд.

Видеоро ин ҷо бинед:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *