Киҳо донори хун шуда метавонанд?
Ман мехоҳам донори хун шавам ва ба одамони дар ҳолати вазнин қарордошта ёрӣ расонам. Донистан мехоҳам, ки барои ин чӣ кор бояд кунам?
САЛИМА, аз шаҳри Ҳисор
Посух:
— Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он» аз 26-уми майи соли 2009 ҳар шаҳрванди аз 18 то 65-сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.
Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд. Шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.
Шумо ҳам метавонед хун супоред.
Ҳамасола муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, бо мақсади ҷалби бештари мардум ба донорҳои ихтиёрӣ вохӯриву машваратҳо мегузаронад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ