Киҳо набояд рӯза гиранд? Суҳбати Рамазонӣ бо Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо Имронов — руҳонии маъруфи тоҷик дар асоси фармудаҳои Қуръон ва ҳадисҳои паёмбар гуфт, ки дар моҳи шарифи Рамазон киҳо бояд рӯза нагиранд.

Ба Ҳоҷӣ Мирзо хонандаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, сокини пойтахт Бибихол чунин суол додааст:

— Касалии қанд дорам. Ҳалқам дам ба дам хушк мешавад. Метавонам рӯза дораму ҳалқамро фақат бо об тар кунам ё обнӯшӣ мумкин нест?

Руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо чунин посух додааст:

— Дар ҷавоби ин савол Худои меҳрубон дар ояти 184, сураи Бақара фармудааст, ки “фа ман кона минкум маризан”. Касоне, ки тоқати рӯза доштан надоранд, на ҳалқ тар кунанд ва на парво кунанд, ки пеши Худо гунаҳгор мешаванд, чунки Худои меҳрубон барои маризон рухсат додааст, ки рӯзаҳояшонро бихӯранд. Дар давоми оят мефармояд, ки “фа иддату мин айёмин ухар”. Пас, вақте ки бемор сиҳат ёфт ва мусофир муқим шуд, он гоҳ рӯзаашро медорад. Ин ҷавоб барои тамоми касонест, ки тоқати рӯза доштан надоранд. Сарфи назар аз он, ки касали қанд аст, дарди меъда дорад ё рӯда, табибҳои ҳозиқ агар гӯянд, ки барои ҳамин одам рӯза доштан мумкин нест, рӯза нагирад. Бемороне, ки рӯза намедоранд, бояд ҳар рӯз ба миқдори садақаи фитр садақа кунанд.

Ҳамчунин, Ҳоҷӣ Мирзо тавсия додааст, ки занони ҳомиладор ва кӯдаки ширхордор низ аз доштани рӯза дар моҳи шарифи Рамазон маофанд.

Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, агар шираш ба кӯдакаш нарасад (шир аз ғизо пайдо мешавад) ва занҳои ҳомилае, ки гирифтани рӯза боиси вайрон шудани саломатии худу фарзандашон мегардад, метавонанд рӯзаашонро хӯранд ва баъди он ки аз ин вазъият баромаданд, рӯзаи қазоӣ доранд.

Моро дар Телеграм пайгирӣ кунед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *