Киҳо наметавонанд мулло шаванд?
Дар сатри равони телевизион хабар доданд, ки як гуруҳ одамон аз ин ба баъд наметавонанд ходими дин бошанд, вале хабарро шарҳ надоданд. Аз “Тоҷикистон” мехоҳам, ки ин масъаларо бароямон шарҳ диҳад.
Саидҷаъфар МУРОДОВ, шаҳри Турсунзода
— Воқеан, Парлумони Тоҷикистон бо иловаи тағйирот ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мушаххас кард, ки киҳо наметавонанд расман ходими дин бошанд. Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон тағйирот ба Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро расман тавзеҳ дод. Аз ҷумла, дар қонун мушаххас омадааст, ки як гуруҳ наметавонанд ходими дин шаванд.
Дар ин феҳраст аз ҷумла афроде қарор гирифтаанд, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ содир кардаанд.
“Афроди дастандаркори ҷиноёти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин нафароне, ки дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд”,- меафзояд вакил.
Тағйироти мазкур ташаббуси аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон — Раҷаббой Аҳмадзода, Дилшод Раҳмон ва Фарҳод Раҳимӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гузоришҳо нашр кардаанд, ки афроди ба ном мулло дар навоҳӣ бо истифодаи боварӣ ба бархе аз бонувон дастдарозӣ кардаанд. Инчунин, гузоришҳо аз даст доштани ба ном ходимони дин дар ҷиноёти хусусияти экстремистӣ низ нашр мешуданд.
Бар асоси иттилои расмӣ, дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4 ҳазору 58 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ