Килои гӯшти гӯсфанд 8-10 сомонӣ!
Килои гӯшти гӯсфанд 8-10 сомонӣ!
Дар куҷо ва кӣ ақлашро хӯрдааст, ки 1 кило гӯшти гӯсфандро 8-10 сомонӣ фурӯшад, дар ҳоле ки аз бозорҳо онро бо 34-35 сомонӣ харида метавонед.
Бинобар иттилои рӯзноманигор Аъзам Аҳруллоев чунин гӯшти хеле арзонро дар канори шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе харидан имкон аст. Чорвопарварон бо сабаби дар фасли зимистон парво карда натавонистани гӯсфандонашон барои талаф наёфтан маҷбуранд сар зада, бо нархи арзон фурӯшанд. Бо ин роҳ мехоҳанд барои ҳар сари чорвояшон 90-120 сомонӣ ба даст оранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ